“МегаФон Тоҷикистон” тарзи таъмини ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро бо алоқаи боэътимод намоиш дод

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Санаи 29 ноябр журналистон ва блогерҳо аз Маркази идоракунии шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” боздид намуда, дар ҷараёни бекоркунии “садамаҳо” дар шабакаи мобилӣ ширкат варзиданд. Вайрониҳои виртуалӣ аз ҷониби мутахассисони техникии “МегаФон” бо мақсади нишон додани имкониятҳо МИШ, ки фаъолияти таҷҳизотро назорат карда муштариёнро дар тамоми ҳудуди кишвар бо алоқаи боэътимод таъмин менамояд, намунасозӣ карда шуданд.

МИШ-и “МегаФон” ба маркази кайҳонии идоракунии парвозҳо шабоҳат дорад: маълумот оид ба фаъолияти ҳазорҳо ҷузъҳои шабакавӣ (истгоҳҳои базавӣ, коммутаторҳо, хатҳои нахӣ-нурӣ ва ғ.) дар равзанаҳои видеоӣ ва мониторҳои муҳандисони навбатдор пайдо мешавад. Ҳатто агар истгоҳи базавӣ дар минтақаи дурдасти кӯҳӣ қарор дошта бошад ҳам, дар шаҳри Душанбе маълумот оид ба тағйирёбии параметрҳои фаъолияти он ба зудӣ гирифта шуда, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Масалан, трафик ба “истгоҳҳо”-и наздик интиқол меёбад.

Зимни гузаронидани экскурсия дар Маркази идоркунии шабака директор оид ба инфрасохтори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Павел БЕЛЕСОВ ба журналистон доир ба навъҳои садамаҳо маълумот расонид. Мутахассисон вайрониҳои панҷ сатҳи гуногунро фарқ мекунанд. Аз ҳамаи садамаи бузургтарин ва, хушбахтона, аз ҳама камтар ба амал оянда–навъи якум ба шумор меравад, ҳангоми он фаъолияти ҷузъҳои калонтарини шабака қатъ гардида, чунин ҳолат минтақаи бағоят калонро фаро гирифта метавонад. Вайронии “оддитарин”–навъи панҷуми садама буда, он аз кор баромадани дастгоҳҳои санҷанда ё баландшавии ҳароратро дар яке истгоҳҳои базавӣ дар бармегирад. Вале новобаста ба миқёси бо зистиҳо мутахассисони “МегаФон” баҳри бартарафсозии чунин ҳолатҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то ки муштариён дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон бо алоқа таъмин буда тавонанд.

Доир ба тарзи батарафсозии чунин ҳолатҳо меҳмонони “МегаФон” дар рафти “Хатари омӯзишӣ” маълумот гирифтанд. Якҷоя бо мутахассисон журналистон ва блогерҳо садамаи сатҳи чорум (азкорбарории аз як то чор истгоҳои базавӣ дар як самт)-ро ба қайд гирифтанд  ва фаъолияти таҳизотро дар дохили худи МИШ барқарор намуданд. Чорабинии мазкур бо маърӯза ба директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ ба поён расид.

“Ман аз имкони таъсиррасонӣ ба фаъолияти таҷҳизот бо вуҷуди қарор доштан садҳо ва ҳазорҳо километр дуртар аз онҳо ба ҳайрат омадам, — таассуроти худро ба дигарон расонида мегӯяд Менеҷери Хадамоти фурӯшҳои ШТР “Азия-Плюс” Тимур САФАРОВ. – Ин хеле муҳим аст, зеро аз эътимоднокии алоқа ҳаёти касе вобаста буда метавонад. Масалан, агар дар кӯҳҳо ҳодисаи фурӯравӣ ба вуқӯъ пайвандад ё заминларза ба амал ояд ва бинобар ин сабаб зангзанӣ ба ВҲФ зарур бошад. Агар истгоҳҳои “алоҳида” аз кор бароянд, кормандони МИШ хеле зуд ба муштариён алоқаро баргардонида метавонанд”.

“Ҷиҳати мусбати воситаҳои фосилавии назорат ва бартарафсозии вайрониҳо, ки ҳамзамон хеле назаррас аст – имконияти барқароркунии фаъолияти шабака дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба шумор меравад. Танҳо тасаввур кунед: барои рафта расидани муҳандисон то манораи зарурии воқеъ дар минтақаи дурдаст, муайянкунии сабаби садама ва бартарафсозии мушкилӣ дар макони ҳодиса чӣқадар вақт ва қувваи зиёд меравад. Технологияҳои муосир хеле самараноканд. Аксарияти садамаҳо тавассути МИШ бартараф карда мешаванд. Ҳатто ҳангоми зарурати сафар ба макони ҳодиса баҳри ивази таҷҳизот мизоҷони мо истифодаи алоқаро идома медиҳанд, зеро истгоҳҳои дигари базавӣ ва хатҳои нахӣ-нурӣ, ки ҳамчунин аз ҷониби Марказ идора карда мешаванд, ба халалдоршавии алоқа роҳ намедиҳанд. Ҳамин тавр технологияҳои навин ба муштариёни мо хизмат мерасонанд”, — изҳор дошт Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Барои маълумоти иловагӣ:

Фарҳод Аҳмадов

PR менеҷер. Раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон.

(Департамент оид ба робита бо ҷомеа)

———————————————

ҶСП “ТТ мобайл” Тоҷикистон

ш. Қурғонтеппа, к. Ҷ. Румӣ 12 а.

моб. (+992) 90 2000 990

E-mail:  farkhod.akhmadov@megafon.tj

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply