Меҳмонро дар Вахш меҳмонкӯб карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА
Бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД дар ноҳияи Вахш марди 27-солаи сокини ш.Қӯрғонтеппа муроҷиат намудааст, ки 3-юми ноябри соли 2017, тахминан соати 19:20-дақиқа, ҳангоми дар ноҳияи Вахш қарор доштанаш, ду нафар мардони 25 ва 30-солаи сокинони кӯчаи Турдиеви ҳамин ноҳия бе ягон асос ӯро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply