Меҳмонхонаи «Варзиш» мутаккои варзишгарон мешавад

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

8 ноябр маросими ба истифодасупории  меҳмонхонаи «Варзиш»  дар пойтахт баъд аз таъмиру таҷдид баргузор шуд.

Раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустам Абдуллозода зикр кард, ки меҳмонхонаи «Варзиш» макони буду боши варзишгарон дар вақтҳои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дохилӣ  интихоб гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтар аз нав таъмиру бозсозӣ  гардид.

Меҳмонхонаи «Варзиш» то лаҳзаи таъмир дорои 30 ҳуҷра буда, дар як вақт 160 нафар варзишгаронро қабул менамуд. Баъд аз таъмири пурраи бино 36 ҳуҷра бо тамоми шароити буду бош муҷаҳҳаз гардида, бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ   барои 200 нафар варзишгарон ҷои хоб муҳайё гардид.

Ба гуфтаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Баҳриддинов, меҳмонхонаи мазкур барои варзишгарон макони муқаддас маҳсуб шуда, ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, хусусан Саидмуъмин Раҳимов, Зебуннисо Рустамова, Андрей Абдувалиев, Расул Боқиев, Дилшод Назаров ва дигарон маҳз дар ҳамин макон зиндагӣ ва тамрин намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply