Мавиздузд ба даст афтод

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 23-юми декабри соли 2017, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 9-халта мавизро ба маблағи 6000-сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply