Мастчоҳ: Кордзанӣ дар саҳни мактаб

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

06. 01. 2017 дар саҳни ҳавлаии мактаби № 27-и ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ байни ду хатмкардагони ҳамин муассиса ҷанҷол ба миён омада, дар натиҷа як нафари онҳо аз зарбии корд захмӣ шудааст.

Бино ба гуфти як манъбаи боэътимод аз ҷамоати мазкур барои масъала то мақомоти милитсия нарасидан нафари захмдоршударо баъди ду рӯзи дар беморхона хобидан ба хонаш ҷавоб додаанд.  Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ аз қабурғааш захми як кордро хӯрда, мебоист то 10 рӯз барои амнияти саломатияш дар беморхона ва таҳти назорати духтурон қарор медошт.

                                                                                                                        Фарзона Муродӣ 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply