Мастчоҳ: Кӯчабозор ё лойбозор?

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

   Мувофиқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” савдои кӯчагӣ манъ аст. Аммо дирӯз ба ҷамоати Оббурдони ноҳия Мастҷоҳ рафта шоҳиди дар рӯи лой ба тиҷорат машғул шудани савдогарон гардидем. Бо вуҷуди он ки  ҳаво бебориш буд, на танҳо канори роҳҳо, балки роҳи мошингузар низ пурлой буд(барои инъкоми ҳол аксҳо ҳаст). Теъдоди зиёди фурӯшандагон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Б. Ғафуров омада дар ноҳияи мазкур тиҷорати худро ба роҳ мемонанд.

  Ду канори роҳ паҳлӯ ба паҳлӯ лавкаҳо ва савдогарону харидорон, аммо бо миёнаҷойи роҳ нақлиёти боркашон бо додани сигналҳои пайдарпай бо мушкилӣ аз роҳ мегузашт. Ҳинни гузаштани мошинҳо дар фурӯшандагон нороҳатӣ ва саросемагӣ мушоҳида мешуд, ки оид ба ин ҳол фикри чанд нафари онҳо пурсон шудем ва  аксарияти онҳо ҳамагӣ як ҷавобро  доданд:- “Зиндагӣ маҷбур мекунад, ки дар рӯи лой савдо кунем”.

  Ин ҳол корманди шӯъбаи ШВКД-и ҷамоати Оббурдон Одилхӯҷа Неъматовро низ  нигарон кардааст, ки номбуда мегӯяд: Имрӯз дар ин минтақа ҳамаи ҷойҳоро тақсим карда гирифтаанд ва барои ташкили нуқтаи савдо ҷои дигар боқӣ намондааст. Дар ҳудуди бозор нест ҷойе, ки фурӯшндагон ҷойгир  шуда савдои худро ба роҳ монанд. Аз ин рӯ маҷбуранд дар рӯи роҳ дар ҳамин ҳолати ногувор фурӯшандагӣ кунанд. Ҳозир агар ҳудуди бозорро мушоҳида кунед мебинед, ки  ҳамаи атрофро  бо мағозаҳо ва  хоначаҳо (албатта хусусӣ) пур шудаанд…

Идомаи мавзӯъро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                        Фарзона Муродӣ

                                                                    Хуҷанд-Мастчоҳ-Хуҷанд

 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply