Маскав: Тоҷикбача қасди худкушӣ кард

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Як ҷангии тоҷик, ки дар роҳи бозгашт аз Туркия дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд, талош кардааст ибтидо телефонашро нобуд кунад ва сипас даст ба худкушӣ занад. Вале мақомоти амниятии Русия аз ҳарду қасди ӯ ҷилавгирӣ кардаанд.

Сомонаи РЕН ТВ хабар дод, ки мақомоти амниятии Русия дар як фурудгоҳи Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони иртибот бо террористҳо дастгир кардаанд. РЕН ТВ менависад, ин мард аз Истамбули Туркия ба Маскав меомад, вале аз сӯи мақомоти пулис ва ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд.

Боздошти ин нафар, ки бино ба маълумоти муқаддамоти шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ҳанӯз шаби 2 ба 3 март сурат гирифтаааст. РЕН ТВ менависад, «бино ба бархе маълумот, ин мард мехост дар амали террористии рӯзи 8 март ширкат кунад.”

Манбаи РЕН ТВ гуфтааст, «баъди онки ин мардро дастгир карданд, ӯ талош кард, то телефонашро нобуд кунад. Ӯ сипас талош кард, ки қасди ҷони худ кунад, вале ин талошаш низ ноком шуд.”

Ҳоло ин боздоштшуда таҳти назорати табибон ва муҳофизон қарор дорад. Бино ба гузориши РЕН ТВ, аз телефони вай маводе ёфт шудааст, ки бо ҷангиён иртибот доштанашро исбот мекунад.

Тафсилоти дигари ин қазия ва исму синни нафари боздоштшуда нашр нашудааст. Вале ин боздошт дар ҳоле сурат мегирад, ки бо танг шудани вазъияти ҷангиёни гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла ҷангиёни созмони дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мамнӯи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ба ин гурӯҳҳо пайваста талош доранд, то ба ҳар роҳу васила аз он ду кишвари ҷангзада фирор кунанд.

Мақомоти амниятии Русия ва кишварҳои дигар нигаронанд, ки ин ҷангиён бо дастурҳои мушаххас, аз ҷумла ҷиҳати ташкили шӯъбаҳои гурӯҳҳои тундраве, чун ДИИШ дар кишварҳои зодгоҳи худ ва анҷоми ҳамлаҳои террористӣ аз ҷабҳаҳои ба ном «ҷиҳод»-ашон баргашта истодаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply