Марзбонони тоҷику кирғиз, кӣ ҳақбачониб аст?

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон иддаои сарҳадбонҳои қирғизро, ки гуфтаанд, марзбонони тоҷик ба як минтақаи баҳсӣ ворид шуда, бесабаб ба ҳаво тир холӣ кардаанд, рад намуданд. Моҷаро субҳи 28 ноябр дар минтақаи марзии баҳсӣ, дар наздикии деҳаи Мин-Оруқи вилояти Бодканди Қирғизистон рух додааст.

Дар изҳороти расмии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон омадааст, марзбонҳои ин кишвар ҳангоми хидмат мушоҳида карданд, ки сарҳадбонҳои қирғиз дар қаламравашон мошинеро манъ карда ва миёни онҳову соҳибони мошин нофаҳмӣ сурат гирифтааст. Ронандаи мошин талош кардааст, дохили Қирғизистон шавад.

«Марзбонҳои қирғиз 16 тир холӣ карданд. Дар ҷавоб марзбонҳои тоҷик низ ба ҳаво се тири огоҳкунанда сар доданд, ки дар натиҷа касе осеб надидааст», — гуфта мешавад дар изҳорот. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки намояндаҳои сарҳадбонони ду кишвар баъди ҳодиса фавран мулоқотеро анҷом додаанд.

«Тарафҳо ба хулосае омаданд, ки ҳар ду ҷониб ба таври алоҳида ҳодисаи мазкурро таҳқиқ кунад. Ба ҷуз ин, марзбонони қирғиз муҳофизати минтақаи баҳсии сарҳадро бо масири қаблӣ — 50 метр то хатти шартӣ идома дода, масири ҳаракати марзбонҳои тоҷик маҳдуд мешавад ва онҳо ҳақ надоранд, ба хатти шартӣ камтар аз 100 метр наздик шаванд», — афзудааст ин ниҳод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply