Маросими ҷоизасупорӣ дар Китобхонаи миллӣ

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз дар Китобхонаи милли маросими супурдани ҷоизаи “Шеъри Истиқлол” баргузор мешавад. 

Ин озмун аз 25  июли соли равон шурӯъ шуда, бахшида ба муносибати  26-солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” роҳандозӣ  гардида буд. Озмун дар худ шеърҳоеро, ки ба мавзӯъҳои Истилолият, хизматҳои Пешвои миллат дар рушду нумуи давлат ва дастоварҳои кишвар бахшида шуда буд, фаро мегирифт. Дар озмун аз навқаламон сар карда то шоирони касбӣ метавонистанд иштирок намоянд. Барои ғолибони озмун мукофотпулӣ таъин карда шудааст:

Ҷои аввал — 3000 сомонӣ

Ҷои дуввум — 2000 сомонӣ

Ҷои сеюм – 1000 сомонӣ

Барои шеъри худро пешниҳод намудан 50 шоир иштирок намудааст, аммо ба озмун  37-тои онҳо роҳ ёфтаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply