Марги се кӯдак дар пайи оташбозӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Бар асари оташсӯзӣ дар каҳдони яке аз сокинони деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, се кӯдаки аз 2 то 5-сола ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳал, ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 31-октябр рух додааст ва ду тифли соҳибхона ва писари ҳамсоя ба каҳдон ворид шуда ва бо гӯгирд бозӣ кардаанд, ки дар натиҷа алафҳо оташ гирифта ва сӯхтор ба амал омадааст. Ба гуфтаи Шокир Раҳимов, яке аз ҳамсояҳои ин хонавода, дар пайи ин ҳодиса мардуми маҳал ба кӯмак шитофтанд ва кӯдаконро аз миёни оташ берун оварданд. Аммо аз сабаби он, ки бештари бадани ин кӯдакон сӯхта буд, ҳарсе дар бемористон ҷон бохтаанд.

 80- 90 дарсади баданҳои Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011, Ёқубҷон Меҳриддинов (2013) ва Умарҷони Маҳмадалӣ (2014) сӯхта буд ва имкони наҷоти онҳо вуҷуд надошт. Ба гуфтаи сартабиби Бемористони вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, модари ду кӯдаке, ки фарзандонаш дар ин ҳодиса ҷон бохтанд Шаҳноза Аҳмадоваҳини талоши наҷоти фарзандонаш ҷароҳат бардоштааст ва пас аз мудово, аз бемористон ҷавоб дода шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply