Марги нобаҳангоми бародари Шабнами Сурайё

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Шабнам бародарашро барои табобат ба хориҷа бурд, вале…

Писари ягонаи овозхони маъруф Сурайё Қосимова ва додари хурдии Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед- Эмомалиҷони Хуршед, соати даҳи шаби 17 апрел, баъд аз бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи Эмомалиҷони ҷавонмарг дар зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад. Наздикони овозхони маъруф Сурайё Қосимова ба хабарнигорон гуфтаанд, ки Эмомалиҷони Хуршед, писари хурдии ин ҳунарманд, ки ҳамагӣ 16 сол дошт,  аз бемории лейкоз ё саратони хун (белокровие) ранҷ мекашид. Модару апаҳояш ӯро барои табобат чанд бор ба хориҷи кишвар бурданд, вале аҳволи Эмомалиҷон танҳо муваққатан беҳтар мешуду халос. Ҳафтаҳои охир Эмомалиҷони Хуршед дар Душанбе дар бемористон таҳти табобат қарор дошт, вале шаби 17 апрел, соати 22 дилаш аз тапидан бозмонд.

Сурайё Қосимова 4 фарзанд– 3 духтар ва як писар дошт. Духтарҳои калониаш- Рӯзигул ва Шабнам аз шавҳари аввалаш ва ду фарзанди дигараш–Фарзона ва Эмомалиҷон – аз издивоҷи дувуми ин овозхон бо Хуршед Рабиев буд. Ёдрас мешавем, ки Хуршед Рабиев – писари раиси собиқи Кумитаи дин Ҳабибулло Рабиев буда, дар мақомоти умури дохилаи минтақаи Кӯлоб кор мекард ва моҳи сентябри соли 2013 дар синни 49 аз сактаи қалб даргузашт.

Бахтовар Бобоҷонов:

Сабри Худо ба Сурайё Қосимова

Ҳамдардии худро ба кулли хонаводаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова  бинобар даргузашти писарашон Эмомалиҷон мерасонам. Бо Шумо ғамшарик ва аз даргоҳи Парвардигор бароятон сабри ҷамил хоҳонем. Худо раҳмат кунад! Мо  аз они Худо ҳастем ва ба суйи ӯ боз хоҳем гашт.

Файзигул Юсупова:

Хонаи охираташ чароғон бод!

Худо раҳматаш кунад! Сабри ҷамил ба устоди азизам апаи Сурайё ва аҳли пайвандонаш. Бо шумо дар ин рӯз ҳамдардем ва аз худованд талаби онро дорам, ки Эмомалиҷонро хонаи охираташ чароғон гардад!!!!!!

  Ҳаётой Муъминова:

Марги фарзанд доғи дил аст

Сурайёҷони азиз! Ягон сухани мо ҳамкасбонат ба дардат малҳам шуда наметавонад, чуни марги фарзанд доғи дил аст. Бо нолаву фиғон аз дасти мо, бандагон чизе намеояд, танҳо дуо мекунем, ки Эмомалиҷон осуда дар хок бихобад. Ба Шабнамҷону Фарзона низ тариқи газетаи “Оила” ҳамдардиямро мерасонам.

 

 Ситораи Кароматулло:

Шабнам бо ту ғамшарикем!   

Қариб се сол мешавад, ки бо оилаи Шабнаму Фарзона дӯстӣ дорам. Дар ҳама ғаму хурсандияшон шарик будам ва ҳастам. Аз Худованд хоҳони онам, ки додарҷони моро руҳаш ҳамеша шоду хонаи охираташ обод бошад. Омин!

 Фариштаи Фурайдон:
Ҷоят ҷаннат бошад, Эмомалиҷон!
Шоистаи ҷаннат гардад, манзили охираташ обод бошад. Ба хонадони апаи Сурайё сабри ҷамил хоҳонам. Бо шумо дар ин рӯзҳои душвор ҳамдардам.

Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

29 комментарий

  • Худо рахмату мавхират шойстай чанат …..Бародари азизи дилро Апачон Шабнам ва Фарзона хамдардирро кабул кунен…

  • Хамдардиямро кабул намоед. Илохо рухаш шод бошад ва Худованд ба хамаи мову шумо сабри чамил ато намояд. ОМИН

  • Чояш аз чаннату охираташ обод бод. Хамдардии моро кабул кунед.

  • Хамарди изхор мекнм, чояш чаннат боша бародари азизамонра!
    Сабр хохонам ба хохару модарш, хамдардиамро кабул кнен…

  • Худо рахмат шоистаи чаннат ва аз хавзи кавсар сероб гардонад уро. Худо ба шумо сабри чамил ато кунад

  • Худо рахмат шоистаи чаннат ва аз хавзи кавсар сер об гардонад уро, Худо ба шумо сабри чамил ато кунад

  • Худо раҳматаш кунад! Сабри ҷамил ба апаи Сурайё ва аҳли пайвандонаш

  • Хамдардиямонро ба апаи шабнам, фарзона, модарашон сурае мерасонем.эмомаличон Рухаш шоду охираташ обод бошад.чояш чаннат ва аз хавзи кавсар сероб бошад.апачон хамдардии Моро Кабул Кане.

  • Худо рахмату магфираташ кунад, хеле сангину чонсуз аст марги фарзанд…

  • Худованд ба ахли оилаи эмомали чон сабри чамил дихад

  • Худочон Карим хонаи охиратро раван гардонда. БА шумо апаи Сурайечон ва хонадони шарифатон сабри ин дунёро аз Худо таманно дорам.

  • Худо рахмат ва чояш Чаънат шавад омин. Ба шумо ахли оилаи апаи Сурайё сабри ин дунёро аз Худочон бароятон талаб ва таманно дорам.

  • Худо рахматаш кунад додари моро. ба шумо оилаи апаи Сурайё сабри ин дунёву охиратро таманно дорам.

  • Апаи Сураё бо шумо гамшарикем хамдардиямонро кабул намоед. Худованд ба шумо сабр дихад. Дуогуем ки Писаратон рухашон шоду хонаи охираташ обод бошад!

  • Худованд бузургу мехрубон аст,аз даргохи Худои мутаол дуогуи он мешавем ки хамаи бандахояшро дар амонаш нигох дорад,ин чавонмардро низ Худо номаи амолашро Зиеда гардона,мо махлукони хешро ба рохи рост хидоятгар бошад.Худованд сабри Шуморо зиед гардона!

  • Худо раҳмат кунад эмомаличонро шоистаи чаънат кунадаш

  • Ман Ахдия хамдардиамро ба хамкаспи падарам апаи Шабнам, Фарзона ва модарашон Сурае мерасонам Эмомаличон рухаш шоду охираташ обод бошад чояш чаннат шавад ва аз хавси кавсар сероб бошад апачон хамдардии маро кабул кунед

  • хамдардиамро кабул кунед Худо Имомаличонро рахмат кунаду гурашро равшану пурнур бигардонад омин

  • Салом апаи сураё худованд сабратон бидихад чои фарзандатон чанат шавад мо дуо мекунем ки бихишти човидон насибаш гардонад додари азиз Имомали чод чанат бошад ай сурахои курон кабрат пурнур бошад худо рахматаш куна шабнам Фарзона ба шумо сабру чамил хохонам

  • Салом ба ахли оилаи Сураёсабру чамил хохонам имомали додарам чот чанат кабрат аз сурахои курон пурнур бигардад

  • Апачони азизам Сураё худованд сабри чамилатон дихат мо бо гами шумо шарик хастем

  • Фарзандам дилу чонам. Бе руи туву бе буи ту сарсону саргардонам.. кучо он овози хушат ки гуи очачонам аз гури сарду аз кисматат нолонам.. аз гамхоят сухтам сухтам кучои ту кучои ай писарчонам чаро дигар нагуи оча чонам…. худованд сабр дихад.

  • Доги фарзанд хеле мушкил! Ба шумо сабри дунеро хохонам!!

  • худо рахматаш кунад Эмомаличонро шоистаи чанат куна Омин:

    худо рахматаш кунад Эмомаличонро шоистаи чанат Омин

Leave a Reply