Марги модар дар пушти дари фарзанд

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

                                    Хабари тақдирсӯз
Саломат дар рӯйи ҳавлӣ нишаста ба даруни тағора либосҳои ношустаро андохт ва каме хокаи айна пошида ба ҷомашӯйӣ сар кард. Аз субҳи солеҳон дилаш ким чӣ хел сиёҳ шуда, аз пешомади ногуворе дарак медод. Писарчаҳояш мисли чӯҷаякони нав пару бол бароварда дар рӯйи хоктӯдаи саҳни ҳавлӣ бо шӯхию бозӣ машғул буданду парвои дунё надоштанд, вале дили ҷавонзанро гургон тала мекарданд. Вай либосҳоро шуста дар торбанд овехту хавотиромез ба соат нигарист. «Эҳе, соат аллакай ҳафти бегоҳӣ шудаасту то ҳол аз Нусрат дараке нест. Ба ӯ чӣ шуда бошад? Телефонашро намебардорад, метарсам, ки боз дарди дилаш хурӯҷ накарда бошад»,- аз дил гузаронд ҷавонзан ва оҳи сарде кашида ба ошхона даромад. Саломат деги шӯрбои нисфирўзӣ пухтаашро болои газ монд ва дастурхону табақи чӯбин дар даст ба ҳавлӣ баромад. Болои катро рӯфта кӯрпача партофт ва дастурхон ороста, ба табақ нон реза кард. Ҳанӯз шӯрборо накашида буд, ки якбора садои тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Ҷавонзан бо гумони он ки шавҳараш аз кор баргаштааст, дарро боз кард, вале…

Дар паси дарвоза ду марди ношинос меистоданд. Саломат саволомез ба онҳо нигарист. Меҳмонҳои нохонда маънидорона ба ҳамдигар нигоҳ карданд, сипас яке аз онҳо забон хоида гуфт:

-Ба фикрам шумо ҳамсари Нусрат ҳастед, ҳамин тавр не?

-Бале, ман оилаашон, вале он кас дар хона нестанд,-сар ба зер афканда гуфт ҷавонзан.

-Янга, мо ҳамкорони акаи Нусрат ҳастем. Бегоҳ дар сари компютер якбора аҳволи шавҳаратон бад шуд ва мо ӯро ба беморхона бурдем. Табибон хеле кӯшиш карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, вале…

-Шумо чиҳо гуфта истодаед? Ба шавҳари ман чӣ шуд?! –Бо таҳлука пурсид Саломат.

-Янгаҷон, илтимос, худатонро ба даст гиред, акаи Нусрат бандагиро ба ҷо оварданд. Тақдир ҳамин будааст, чӣ илоҷ?! Роҳи ҳамаамон ба ҳамон тараф аст…

Ҳамкорони шавҳараш боз чиҳо гуфтанд, Саломат дар ёд надорад. Фақат ҳамин қадар дар ёдаш мондааст, ки якбора сараш чарх зада, дунё дар назараш такорӯ шуд ва «хонаам сӯхт» гӯён, пояи дарвозаро дошт…

                            Шоми сиёҳи ситоракуш

Ҷасади Нусратро баъди як соат ба хонааш оварданд. Он шоми сиёҳи ситоракуш, ки ситораи умедро дар дили Саломати берӯзӣ барои ҳамешагӣ хомӯш кард, дар манзили онҳо гӯё қиёмат қоим шуда буд. Падару модар ва бародарону хоҳарони Нусрат рӯю мӯяшонро канда нола мекарданд, хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо бошанд, дар ҳайрат буданд, ки чаро дили ин ҷавони меҳрубону дидадаро якбора аз задан боз мондааст. Аз ҳама бештар ҳамсари ҷигарсӯхтаи Нусрат барои бахти аз даст рафта ва хонаи мисли лонаи чуғз вайронгаштаву чор фарзанди бе падар мондааш менолид. Саломат аз шиддати гиряву нолаи бисёр дам ба дам бењуш мешуд. Хешу ақрабо ба рӯяш об пошида ӯро ба худ меоварданд. Баробари чашм кушодан ҷавонзани сиёҳбахт боз «вой хонаи вайронаам, акнун ман бо ин чор кӯдаки хурдсол чӣ кор мекунам?!» гӯён, мӯйи мушкину рӯйи гулгунашро ханҷол зада, менолид…

Аҷали бераҳмро парвои гиряву нола ва сӯзу гудози одамизод нест, сайди ба дом афкандаашро беамон мерабояд ин аждари қисматсӯзу хонахароб. Ба гиряҳои зори пайвандонаш нигоҳ накарда, Нусрати ғурамаргро ба коми худ кашид ин аждаҳои носерам ва Саломат гирёну нолон миёни печидароҳи зиндагӣ бо чор фазанд танҳо монд, аммо…

                                     Дар набарди зиндагӣ

Баъди сари шавҳараш ба ин ҷавонзани зебои ҳунарманд, ки нав ба сини 28 қадам ниҳода буд, хостгорони зиёде баромаданд, вале Саломат «фарзандонамро пеш-пеши пойи паиндар намекунам» гӯён, ба издивоҷи дубора розӣ нашуд ва қасам хӯрд, ки аз падару модар, хусуру хушдоман ва бародару хоҳару додаршӯйҳояш ҳатто як тин пул нагирифта, кӯдаконашро бо қувваи худаш калон карда ба воя мерасонад ва соҳиби хонаву дар месозад. Ба хотири чор писараки бепадараш вай баъди гӯру чӯб кардани шавҳари ормониаш тамоми иродаашро ҷамъ карда, бар рағми қисмати номард миёнашро маҳкам басту ба кор баромад, то фарзандонаш пеши ҳар касу нокас хору зор нашаванд. Рўзона дар беморхона фаррошї мекард, шабҳо бошад, то саҳар сари мошинаи дарздӯзӣ нишаста, куртаю шалвор ва кӯрпаву болишти мардумро медӯхт, то бо дастмузди ҳунараш барои кӯдаконаш хӯроку пӯшок харида, онҳоро бе озор ба воя расонад. Чор писараш гули чизро пӯшида, гули чизро мехӯрданд ва фориғ аз ѓаму дарди дунё дар канори модар машғули шӯхию бозӣ буданд. Хешу табор чанд бор ӯро насиҳат карда гуфтанд, ки умри ҷавонашро беҳуда хазон накарда ба шавҳар барояд, чунки фарзандонаш ба воя расида аз паси зиндагии худашон мешаванду дар дами пирӣ танҳо монда, азоб мекашад, аммо  Саломат ба гапи касе гӯш накарда, бо дили пур мегуфт:

— Ба ман шавҳар даркор нест, ҳаётамро ба фарзандонам мебахшам. Бачаҳоям дар дами пирӣ пуштибон ва асои дастам гашта, маро хору зор шудан намемонанд. Ман ба ин сад дар сад боварӣ дорам…

Саломат боварии комил дошт, ки фарзандонаш ба қадри шабҳои бехобӣ ва меҳнату заҳматҳои модар расида, дар айёми пириаш ӯро рӯ-рӯйи даст мебардоранд, вале…

                                Дарди бе даво

Саломат-хола то синни 60 солагї мењнат карда, бо нӯги сӯзан пул ҷамъ карду писарҳояшро зан дод, соҳиби хонаву дар ва зиндагии обод намуд. Акнун вақти осуданаш фаро расида буд, ки дарди бедавое аз гиребонаш гирифт. Як рӯзи шум дар сари мошинаи дарздузї сараш якбора сахт ба дард даромада аз њуш рафт. Писаронаш ӯро ба беморхона бурданд. Ташхис нишон дод, ки фишори хунаш якбора сахт баланд шуда, хун ба майнааш задааст.

Ҳамин тавр, дар синни 60-солагӣ ин зани меҳнатқарину баномус фалаљ шуда монд. Азбаски духтар надошт, писаронаш байни худ маслиҳат карданд, ки модарро бо навбат нигоҳубин мекунанд, аммо…

                      Писарони модарбезор

Аз байн як сол гузашт, вале саломатии модар ба ҷойи беҳтар шудан торафт бадтар мешуд. Баданаш бар асари бемории фалаҷ тамоман карахт шуда, танҳо як пояш њаракат мекарду халос. Келинњо аз гирифтани тару хушки хушдоман безор шуда, ба сари кампир дод зада мегуфтанд:

-Худо кай ҷони туро мегирифта бошад, ки мо халос шавем!

Касалбонӣ ба дили писарони кампир низ зада буд ва бародарон акнун роҳи аз модар халос шуданро меҷустанд. Писари калонӣ баҳона мекофт, ки њамсари ў њомиладор асту гирумони кампир ба тифли батнаш зарар мерасонад, писари дуввум мегуфт, ки зани ӯ кӯдаки ширмак дораду бо нигоҳубини тифлаш машғул аст, писари саввуми Саломат-хола бо њамсари олуфтааш мудом дар хориҷа буд, писари хурдӣ бошад, нав зан гирифта буд ва мудом ягон бањона кофта аз парастории модар мегурехт…

                                 Шайтонҳои дупо

  Ҳамон рӯзи тақдирсӯз навбати писари хурдӣ-Акмал буд ва бояд ӯ ҳамроҳи арӯсаш модари беморашро то саҳар нигоҳубин мекард, аммо як ҷӯрааш зан гирифту ӯро ба тӯй таклиф намуд. Акмал ба бародари калониаш-Аъзам занг зада хоҳиш кард, ки то саҳар модарашро нигоҳубин намояд, чунки ӯ ҳамроҳи занаш ба тӯйи ҷӯрааш рафтанист. Аъзам ин гапро шунида девона шуд ва бонг зад:

-Навбати ту аст, мурда-мурда худат кампирро нигоҳ мекунӣ! Ман дар хона меҳмон дорам…

-Насим ҷӯраи ҷониам аст, ман ба тӯйи ӯ нарафта наметавонам. Хоҳед-нахоҳед, ман модарамро оварда дар пушти даратон мемонам,-таъкид кард Акмал.

-Ҳой бача, дониста бош, агар ту очаамро ба хонаи ман биёрї, барќасд дарро намекушоям. Навбати худат аст, худат нигоњ кун. Ба ҷойи арӯси наватро тӯй ба тӯй гардонидан, дар хона нишаста, ҳамроҳи занат хизмати модарамро карда, дуои кампирро гиред,-ҷавоб дод Аъзам.

                       Марг дар пушти дари фарзанд

Ба таъкидҳои бародараш нигоҳ накарда, Акмал кампири модарашро ба мошин бор карда ба хонаи ӯ бурд ва дарвозаро чанд маротиба гаштаю баргашта тақ-тақ кард. Аъзам садои тақ-тақи дарвозаро шунида бошад ҳам, барқасд дарро накушод. Акмал модарашро дар пушти дари хонаи бародараш дар рӯйи замин хобонда садо кард:

-Ака, ана очаам, дар пушти дарат хоб аст. Ман рафтам, бо ӯ ягон чї шавад, худат љавобгарї.

Акмали бе инсоф инро гуфта ба мошинаш нишаста рафт.

Модар ҳарчанд гап зада натавонад ҳам, ақлаш ба ҷо буд ва рафтори писаронашро дида, беихтиёр ашк ба бари рухсораҳои пурожангаш шорид. Аламаш меомад, ки фарзандони бо хуни ҷигар калон кардааш, баъди соҳиби хонаву дар гаштан аз ӯ безор шуда, мисли саги бесоҳиб ӯро дар рӯйи роҳ партофта рафтанд. Аз чашмони хирабини ин модари зор ин лаҳзаҳо гӯё ба ҷойи оби дида хуни ҷигар мерехт ва хаёлан бо писаронаш мунозира карда мегуфт:

«Оҳ, писарони гумроњам, наход дилатон ин қадар сангин бошад, ки ба ҳоли модари зоратон як зарра  насӯзад? Мани нодон бо умеди он ки дар пирӣ асои даст ва пушту паноҳам мегардед, шавњар накарда, ҷавонӣ ва тамоми қуввату мадорамро ба шумо бахшидам. Шабҳои дароз то саҳар нахуфта, шумоёнро бо нӯги сӯзан калон кардам. Рӯзҳои дароз худам гурусна мегаштаму як луқма нони ёфтаамро ба даҳони шумо мегузоштам. Худам нахӯрда, шуморо хӯрондам, напӯшида шумоёнро пӯшондам, то ки дами пирӣ асои дастам гардед. Шабе ту, Аъзамҷон бемор шуда, таб кардӣ. Тамоми баданат аз таб оташ гирифта, чун дар курраи гулхани сӯзон месӯхт. Мани зор дар ҳамон нисфи шаб туро пуштора карда, пиёда-пиёда ба беморхонаи ноҳиявӣ будам. Дар роҳ сагҳои дайду маро қариб пора-пора мекарданд, вале андешаи ҷони худамро накарда, бо сад азоб туро то беморхона расондам ва духтурҳо дорую дармон када, ҷонатро хариданд. Имрўз модари зорат дар пушти дарат мисли саги бесоҳиб хоб аст ва ту ҳавсала намекунӣ, ки даратро кушоӣ. Наход рисолати фарзандӣ амин бошад, писарам? Кушо, даратро кушою модари беморатро ба хона дарор, охир ман ҳам дар ин дунё ғанимат ҳастам…»

Субҳ писари калонӣ дарвозаашро кушода, модари зорро дар пушти дараш шахшудаву карахт дарёфт. Вай осемасар ҳамсару фарзандонашро ба ёрӣ хонд ва модарро рӯйи даст бардошта ба хона даровард, вале аллакай кор аз кор гузашта буд. Кампири Саломат дар пушти дари фарзанди сангдилаш кайҳо аз хунукию гуруснагӣ ҷон ба ҷонофарин супурда, бо дили пурормон ин дунёи бевафоро тарк гуфта буд…

Шаҳлои Наҷмиддин

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

12 комментарий

  • Як модар дах писарро нигохубин карда, калон мекунад, вале дах писар як модарро нигохубин карда наметавонанд!

  • Дар хакикат бемордори ва нигохубини тулонии он (агар худо нокарда фалач бошад) барои зани хомила ва арусаки нав душвор аст. Вале метавонистанд бародарон бо хам маслихат карда, барои ичрои ин амал зани мехрубону бакуввати хохишмандро мохона таин намуда, масъул намоянд. Як писараш хоричаравак хам будааст, ки на хар бенаво метавонад сафари хорича кунад. Чаро мо ба дасти дигар кас супоридани беморамонро нанг медонему худ ба таври зарури нигох намекунем???

  • Лаънат бар фарзандон ки модарро ин қадар азоб доданд. Фардо ки шумо ҳам пир шудед фарзандонатон бо шумо ҳам ҳамин рафторро хоҳад кард. Лаънат бар чунин фарзандон

  • Садкаи Модар кунад. Соат нишонаи худро нишон метияд, баъд аз фарзандони худ мебинен.

  • Албатта мебинанд чикоре ба модар карди аз фарзандони худат мебини то сахар дар пушти дар чон бохт модари бечора модаррони худро хурмату эхтьиром кунед дустони азиз…….

  • бемодар инро мефахмад.ба кадри модар мерасад.барои ягон шахси бо эмону худотарс нигох кардани бемор душвор нест.чун худо худаш онхоро соябон аст аз мо сабаб,

  • Сабаби ба ин хору зор мурданат гунахгор худат хасти гами дунеашонро хурди гами динашонро не агар дар вакташ тарбияи дини медоди дар вакти пири туро хор намекарданд

  • Саткаи модар шавад хамин хел фарзандхо ман ин кисаро хонда то сахар хоб аз чашмам парид. Афсус хастанд хаминхел фарзандхо. Модар падар аз хама чизи ноёб аст. Бад аз онхо бефоида гамхурии мо

  • Дар урфият гуфтаанд,Модар агар Мушрик хам бошад бояд Модарро нигохубин куни зеро ки модар барои фарзанд яке аз дархои Чаннат аст Бародаро нисбати Модаронатон бо этиет бошед Худо нигахдор

Leave a Reply