Марги 17 нафар бар асари тармафароӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шимоли Ҳиндустон бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Купвара-Тандхар на кам аз 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба полиси иёлати Ҷамму ва Кашмир хабар дод.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тақрибан 30 нафар зери ҳаҷми калони барф ва сангҳо, ки шоми рӯзи ҷумъа аз баландии беш аз 500 метр фаромаданд, мондаанд. Зимни амалиёти наҷотдиҳӣ ҷасади 17 нафар, аз ҷумла, як нафар кӯдаки яксола дарёфт гардид.

Ба наҷотдиҳандагон ва кӯҳнавардон ҳамчунин муяссар гардид, ки чор нафар осебдидаро, ки яке аз онҳо беш аз 12 соат зери барф қарор дошт, наҷот диҳанд. Ба иттилои шоҳидон, эҳтимол ҳоло на кам аз 10 нафар зери тарма қарор доранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply