Мардони занкуш

НТМ, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Додгоҳи ноҳияи Хуросон сокини ин ноҳия Улуғбек Дусановро барои қатли ҳамсараш ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Дусанов рӯзи 29 июл дар утоқи кории мудири мактаби деҳаи Ҳосилот ба бадани ҳамсари 53-солааш Раҳима Аннақулова 4 зарбаи корд зада буд.

Додгоҳи ноҳияи Хуросон Улуғбек Тошпӯлодович Дусановро ҳанӯз рӯзи 4 октябр бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (куштор) ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст, вале маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон тафсилоти ин парвандаро рӯзи 11 ноябр, баъди ба иҷро даромадани ин ҳукм нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, Улуғбек Дусанов ба он айбдор дониста шуд, ки «ӯ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани собиқ ҳамсараш Аннақулова Раҳима Норбоевна, санаи таваллудаш 27 июли соли 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, деҳаи Деҳқонобод29 июли соли 2017 тахминан соати 900дақиқа ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 воқеъ дарноҳияи Хуросон, деҳаи Ҳосилот омада, ба утоқи кории директори муассиса даромада, ҳамсараш Аннақулова Раҳимаро бо корди дар дасташ буда чор маротиба ба қисми қафаси сина, шикам ва пушташ задааст.”

Дар натиҷа, Раҳима Аннақулова аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар моҳҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи дучори ҳамлаҳои хушунатомези шавҳаронашон қарор гирифтани ҳамсарон гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд.

Аз ҷумла додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи апрел сокини 35-солаи ноҳияи Нуробод М. Шариповро барои қатли бераҳмонаи ҳамсари 29-солааш ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Шарипов барои як нофаҳмии дар асл хеле ночиз — танҳо барои онки ҳамсараш М.М.Саидова «бе иҷозат” мехост ба хонаи волидонаш биравад, ӯро бо табар куштааст. Бино ба ҳукми додгоҳ, М.Шарипов «дар ғазаб шуда, дар фарши ошхона табарро, ки барои иҷрои корҳои хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешуд, дида бо мақсади амалӣ намудани ин нияти ҷинояткоронааш, бо дасти чапаш аз гиребони Саидова М.М. сахт дошта, аз замин бо дасти росташ табарро гирифта, қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани охирон, бо бераҳмии махсус якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни сари завҷааш Саидова М.М. зарба задааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 26 август як марди 43-солаи сокини ҷамоати Сешанбеи Турсунзода дар ҳолати мастӣ ба қафаси синаи ҳамсари 34-солааш бо корди хоҷагӣ як зарба зад. Зани захмиро ба бемористон бурданд ва шавҳари бадҷаҳлро боздошт карданд. Рӯзи 26 сентябр як сокини 51-солаи ҷамоати Тӯйчиеви Турсунзода низ дар ҳолати мастӣ ба шиками ҳамсари собиқаш як корд зад. Зани бечора дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Рӯзи 2 ноябр Абдулмаҷид Бердиев ном сокини 56-солаи деҳаи Чорбоғи Истаравшан ҳамсари собиқи 40-солааш Нигора Қулиеваро дар ҷои кораш – бозори Истаравшан бо корд зада кушт. Нигора Қулиева қаблан ҳамсари дуюми Бердиев буд ва дар бозори Истаравшан ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд. Аз ӯ ду фарзанд ятим монд.

Шаби 2 ба 3 октябр дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Кенҷабоев Фарҳод дар пайи хуруҷи бемории рӯҳӣ ҳамсараш Кенҷабоева Гулнозаро бо зарби теша кушта, баъдан худашро дар оғил ба дор овехт.

Шаби 5 октябр Абдураҳмон Бадиев, сокини 71-солаи деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар дар пайи як муноқишаи оилавӣ ҳамсари 45-солааш Шакармоҳ Бадиеваро 5 корд ва духтари 16-солааш Ҳадиса Бадиеваро 4 корд зад. Мӯйсафед баъди ин худро дар як дарахт дар боғи хонааш ба дор овехта, худкушӣ кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply