Мардони хиёнаткорро дор кашед, мегӯяд хонандаи мо Шамима

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Дар зиндагӣ шахси дармонда ҳастам. Синам ба 20 расидааст. Зиндагиямро се сол шуд. Дар аввал аз зиндагиям шикоят надоштам вале баъди хашт моҳи оиладориям шавҳарам ба муҳоҷират рафт. Тавассути «Одноклассникӣ» бо зани ду кӯдакдори аз шавфҳараш ҷудо шуда, ошноӣ пайдо намуд. Бо вуҷуди ин дар як рӯз ба ман то даҳ маротиба занг мезад вале ягон зарра нисбатам  меҳрубон набуд. Аксарият вақтҳо ба ман занг зада, ҳамроҳам ҷанг мешуд ва ҳафтаҳо қаҳрӣ мешуд. Аз баски ӯро дӯст медоштам ба ҳама суханҳои қабеҳаш тоқат мекардам. Баъди 5 моҳи дур аз хонаву дар ӯ ба хона баргашт. Вақте телефонашро аз назар гузаронидам, дунё дар назарам чаппагардон шуд. Ба он зани ду кӯдакдор ончунон суханҳое гуфта буд, ки ман ҳамсараш шуда, то он вақт аз забонаш ягон сухани хуш нашунида будам. Шавҳарам муддати 5 моҳи дар наздам набуданаш меҳрашро пурра ба он зан бахшида буд. Ҳамонрӯз сӯҳбати онҳоро аз саҳифаи интернет хондам, дар батнам кӯдаки якумам ду моҳа буд. Баъди хондани он саҳифаҳо аз шавҳарам пурсон шудам, ки дар ҳайёти умрат киро дӯст медорӣ? Зеро ба он зан гаштаву баргашта, туро дӯст медорам навишта буд. Аз ин хотир аз ӯ пуросидам ва гуфтам. Ки росташро бигӯ дапр дили ту ман ёкаси дигар маъво гирифтаам. ӯ дар ҷавоб бигуфт: “ туро модар ва апаву хоҳарамро”. Вақте, ки туро гуфт зуд хашмгин шуда илтимос номи маро нагир, зеро ба гапат бовар надорам гуфтам. Сабаб пурсид, зуд саҳифаи смс-ҳояшро нишон додам ва ба дасташ дода инҳорро хон гуфтам. Рангу рӯяш сапсафед гашта , ҳамашро зуд тоза кард ва ба ман рӯ овард: “Занакҷон, ман туро барои тамоми ҳайётам гирифтаам, илтимос ба ҳар чизи беҳуда саратро вайрон накун, маро ҳам беҳуда ғам дода, зиндагии ширинамонро тадх насоз”. Хотири кӯдаки батнам хомӯш шудам вале дигар ба Русия нарафтанашро хоҳ иш намудам, ӯ низ қабул кард. Чизе, ки имрӯз маро азият медиҳад, дилсардӣ нисбати шавҳарам аст. Баъди он хиёнаташ агар чи соҳиби се фарзанд шудем вале он рашкро аз дилам берун карда натавонистам. Ҳарборе ба рӯи шавҳарам нигаристан,суханҳои ба он зан гуфтааш ба ёдам мерасад. Дилгир шудам аз чунин зиндагӣ. Муносбати шавҳарам бо ман хуб аст вале дили ман азӯ тамоман мондаст. Ба наздикӣ фарзанди сеюммамон ба дунё омад вале зиндагии бе меҳру муҳаббатро дигар намехоҳам. Илтимос мардони азиз, агар ҳамсаратон зарае қадр дошта бошад, каме фикри хушбахтии ӯро кунед. Зиндагӣ танҳо бо дилхушии шумоён пеш намеравад. Афсӯс сад афсӯс, ки мо занҳо ҳамеша дар фикри кору бори зиндагиву ба воя расонидани фарзандон банд шуда, худамонро фикр намекунем ва он ҳисиёте, ки дар дил дорем аксарияташро шарму ҳайёи занонаву зани тоҷик буданамон намегузорад, ки баён созем.

Шамима


Поделиться новостью в социальных сетях:

16 комментарий

  • ээээ хохаричон холи нав 20 сола буди камтари дигар сабр кун да зиндагит як чизхоеро мебини, ки хатто дар борааш фикр хам накарда буди. Зиндаги хаминай шавхарат рост гуфтай аз паси гапу корхои бехуда нашав!

  • Дилат ки хунук шуд, пас чаро худатро фикр накарда се фарзанд таваллуд карди? акнун бе ин се фарзанд ба кучо мерави, пештар фикр кардан лозим буд

  • гузаштаҳо гузашта, махур ғамин гузашта, ҳаргиз ба ғусса хурдан, гузашта барнагашта.
    ба назари ман гузаштаба салавот гуитону бадиҳои ҳамдигарро гузашт кунетону фаромуш кунетон ва барои ояндаи фарзандонатон бо ҳам сулҳу салоҳ кунетон. бо ин кор ҳам фарзандонатон хушнуд мешаванд ва ҳам Худованди Бузург

  • Афсус,сад афсус,ки баъзе мардон чунин беандешаанд.
    Занони зебову покашон дар хонаву фикри онхо ба бевахои куча(((((
    Вале хохари азиз,баъди оне,ки се фарзандро ба дунё оварди ПУРСАБР бош! Ба фарзандонат мехрубон бош!!!Шукронаи дуструяконатро бикун!!!
    Ин тоифа мардонро хаволаашон бар Худо!!!

  • Акнун дер шудааст !! Токат кун зиндагиАтро давом дех дигар илоч нест !!! Кам Аз зиндагиАт шикоят кун ба дигарон

  • Хохари мухтарам аз гуфтахоят, маълуманд ки зуд эхсосотию зурдарнчи. Барои чи шахсони сохибрузгор мегуянд зиндаги пастиву баланди шикасту рехт дорад мо бояд ба хамаи иин омода бошем.

  • Хохари азиз камтари дигар сабр кун кудако калонтар шаван очаи зораша нишон медихи! Хохад ё нахохад бозгашт ба суи ту дорад. Локин тавсия медихам, ки ба телефони шавхарат камтар дастдарози кун! Бо ин шеваю нозат акнун метавони саркапаи шавхаратро гири! МЕТАВОНИ! Ба зиндагии осуда баргардед. Фикри оилавайрониро хеч гох накунед. Худо панох дихад…..

  • Бародарон, дустон, хамзабонон ва умуман касе ин навиштаи маро хонад аз у барои назари маро ки дуруст аст ё не шуниданаш сараввал миннатдории хешро баён мекунам.
    Ман донишчуям шояд нисбати инсонхое ки оиладору фарзанддоранд дар бобати зиндагони акли камеро сохиб бошам. Бародарон дустон ин холе ки бонуи точик зикр карданд биссиёр холи никаронкунанда аст чун ки имруз ин бе ахамиятихо рафта рафта сарчашмаи бенавоии фарзандон,берохагии занон ва аз хама бадтаринаш он ки афзоиши занони бе шавхар аст (ба истилох бева) зиёд мешаванд. .
    Чи хеле ки яке аз донишмандон гуфтааст «Зан ба монанди киштзоре хаст ки чи чизе дар у коштиву чи хел нигох карди зинхор фаромуш накун ки ба он лоик чизе ба даст меори.» Пас аз ин гуфтахо ман шояд гуфта тавонам ки вакте занатонро аз тахти дил дуст надоштед пас у чи хел фарзандони шуморо дуст дораду чун инсони комил тарбият кунад. Ин гуфтаи ман шабехи он аст ки агар дехкон ба заминаш сари вакт об надихад пору нарезад шояд кишти мекардаи уз аз даст равад (лек фаромуш на куне ки хосил надоданаш аник аст) . Ана акнун боз бармегардем ба сари масъала пас фарзандони ин одамон ки шуда дар чомеа ба камол мерасанд? Албатта олиму файласуфу сарояндаву умуман инсони хубнеее… Инхо хама инсонхои мехрубониро надида,дилшикаста ва махзун мешаван. Пас охиратро худ хуллоса кунед…
    Манхам чавонам хануз оиладор нашудаам вале фикр мекунам то гапи бобову бибии ду рузи умраш мондаро гирифта хаёти якеро талх кардан мехохам духтареро ба табъи хеш ба зани гираму хеч хиёнат накунам зеро аз он духтар ки зани ман мешавад (албатта бо хости Худо) фарзадони маро ба дунё оварда тарбиятгари асосии онхо хохад шуд. Пас фарзандони ман шахсоне хисоб мехуранд ки баъди фавт карзи ман дар гардани онхо хохад монд, агар фарзандонам аз чихати рухи нокис бошанд, ё ба ман душман бошанд чигуна карзи маро мепардозанд.
    Ана барои хамин аз хамаи чавонмардон ва чавондухтарон хохиш мекунам ин масъаларо дуруст фикр кунеду баъд оиладор шавед ки хардуи шумо мумкин аст оянда решаи як авлод шавед пас солимии рухии ин авлод дар дасти шумо аст.
    АААА дар масъалае ки ин бону зикр карданд ман ин бонуро куллан хак ва ё баракс низ гуфта наметавонам зеро то шамол нашавад шохи дарахт намечумбад… шумо низ бояд пеш аз хонадор шудан бо бача во мехудеду уро аз наздик ошнои карда аз мехри нисбати якдигар доштаи хеш хабардор мешудед. Ана пас туй ва ХУШБАХТИ….

  • Махмудчон чхелай малими фалсафат кабул кнем дар ДМИТ.
    «Чахонбинии васеъ доштай» неки…..

  • Салом!
    Пеш аз оиладор шудан, ба гузаштаю имрузаи духтар ва худатон ахамият дихед, ба худ лоик-ро хамсар гиред!
    Аз шафтолу себ начинанд- аз чормагз тут!
    Ин духтар — и сохиби 3 фарзанд бо ин аклу фаросат, рузи хуша на боин марду на бо дигр …
    Чаро бисёрихо дар вакти интихоби сару либос, касб, . .. Богдори, меваю сабзавот, интихоби хайвон .,.
    Дар интихоби хамсар ахамият намедиханду- якдгарро гунахгор — нолоик мехисобанд!

  • Занхо хам гунахгоранд. Инро аз ёд набароред. Баъзеашон ба кадри шавхар нарасида, хатто даст ба хиёнат мезананд. Афсус, ки дар ин зиндаги дар аксар холатхо марди хуб ба зани бад, зани хуб бошад ба марди бад мерасад. Хазор афсус, ки чунин аст.

  • Акнун дер шуд.Агар чудошави холи кудаконат чи мешавад? Сабр кун меваи сабр ширин аст.Худованд бо собирин аст.:

    хонанда аз Муъминобод

  • Хохарчон туфикри чикор кардани шавхарта накнед сохиби 3 фарзанди дусруяк шидаи фикри ояндаи фарзадоната кунед мо занхо дар еши рашк мекунеим фикри саломати мона намекунем хохарчон зиндаги пастиву баландихо дорад хсминаст пастиву баланди зани босабр бош зани босабр боши ба хамаш сабр мекни зиндагита пеш мебари

  • Салом ман Дилшод хастам аз нохияи Вахш.
    Апа азиз ба хотири се фарзанди азизатон токат кунед бехуда намегуян,ки токатпазири аз хамаи чизи хуб аст.Аз баски худам чавонмард хастам ин шапхоро ба шумо мегуям.Чи кадаре,ки метавонед ба шавхаратон хурмату эхтиром кунед,рузе мешавад,ки вай аз кори кардааш пушаймон мешавад,шояд,кишуда бошад.Боз якбри дигар хонаобод бошед

  • Хохарчон созки шавхарат Боз бахшиш пурсидааст. ман 23 солаам як фарзанд дорам шавхари ман руи рост гапмезанад бо занхо хато мегуяд занг мегирам ба хона мебиерам ман чикор кунам хамаашро ба аллох месупорам .

Leave a Reply