Мардкушӣ мӯд шуд…

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Аҷаб дунёе…

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои куштори аъзои хонавода, аз ҷумла, куштани мард аз дасти зан, қатли зан аз тарафи мард,  қатли падар аз ҷониби писар, зинда ба зинда сӯзонидани зан аз ҷониби шавҳар, латукӯби фарзандони ноболиғ аз ҷониби волидон  зиёд мешавад.

 Ба зиёд шудани чунин ҳодисаҳо кӣ гунаҳгор? Боз мисли пештара бо ибораҳои тумтароқи “ҷомеа гунаҳгор”, “мактаб гунаҳгор”, “волидон гунаҳгор”иктифо кунем? Ибораҳое, ки касерою чизеро ба ягон амал таҳрик намекунанд ва… чунин кушторҳо идома хоҳанд ёфт. Шояд аввал сарахбори чунин ахбори даҳшатангезро пайдо кунем?Аммо аз куҷо?  Гиребони киро гирем, ки занҳои мо мардкуш шудаанду мардонамон бераҳмтар?

Сабабгори ин падидаи офатбарангез,  қабл аз ҳама, дар маҷмӯъ беқадр шудани ҳаёти инсон аст. Имрӯз ҳатто хешу ақрабо, бародару хоҳар, тағою ҷиян нисбати ҳамдигар он муҳаббатеро, ки солҳои пеш, хоса дар овони бачагию ҷавонӣ ба ҳамдигар  доштанд, дигар надоранд. Ҳама бо ҳам бегонатар мешаванд ва инро сабаб,  қабл аз ҳама, ворид шудани пул ба муносибати оилавию хешутаборӣ гардидааст. Пеш аз ба чунин хулоса омадан хеле андеша ва таҳлил кардаму барои тасдиқи  ин гуфтаҳо мисолҳои зиёде ҳам дорам.

Марксизм таълим медод, ки  дар ҷаҳони капиталистӣ “пул муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад” Имрӯз кор ба ҷое расидааст, ки пул муносибатҳои оилавиро ҳам муайян карда истодааст. Чун менталитети миллии мо бо ин созгор набуд ва ҳамеша эҳтироми хурдсолон ба пиронсолон ва фарзандон бо волидон вуҷуд дошт, ворид шудани ПУЛ ба ин майдон сабаби бераҳм ва худхоҳ гардидани насли нав ва ҳатто миёнсол гардид. Акнун муҳим муносибати хешу таборӣ не, балки ба даст овардани пулу мол шуд.  Дарди бадро давои бад гуфтаанд. Шояд барои кам шудани чунин ҷиноятҳо ҷазоро сахттар кард?

 Абдумассир Аҳмадзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply