Марди подароз сусткамар мешавад?

Номаҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Аслан дар сохти ҷисми зан ва мард ба ғайр аз тафовути ҷинсӣ дигар қариб, ки ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад, вале то кадом андоза дар ишқварзӣ усто будани мардро аз рӯйи баъзе нишонаҳои зоҳирӣ низ фаҳмидан имкон дорад.

Тунуку нозук будани мӯйи сар ва садои маҳин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рағбати ҷинсии  ин мард суст буда, дар бистар шери жаён нест. Фарбеҳии аз ҳад зиёд бошад, нишонаи паст будани сатҳи ҳормони тестостерон аст, ки фаъолияти узвҳои ҷинсӣ ба он вобастагӣ дорад. Албатта ин маънои онро надорад, ки тамоми мардони шикамкалон дар бистар заиф ва нотавонанд, агар хоҳад, ҳар мард метавонад бо машқҳои ҷисмонӣ ва хӯрокҳои махсус худро ҷисман обу тоб дода, ба марди ҳақиқӣ табдил ёбад, вале ба ҳар ҳол донистани нишонаҳои зоҳирии заифии мард хуб аст.

 Шавҳари Рустамбозу бигиред!

Мард пойҳои дароз ва китфони борик дошта бошад, бидонед, ки дар ишқварзӣ усто нест, хусусан ангуштони борики дастон аз сусткамар будани соҳибашон гувоҳӣ медиҳанд. Васеъ будани кафи даст нишонаи қувваи зиёди мардӣ аст. Андозаи миёни марди солим бояд тақрибан 10 сантиметр аз ҳаҷми китфонаш камтар бошад.

Аз наркоман марди майдон намебарояд

Аз ҳад зиёд майл намудан ба сигор на танҳо ба рағбати ҷинсии мард, балки ба саломатии фарзандони ояндааш низ таъсири сахти манфӣ мерасонад. Тамоку дорои моддаҳои зарарноки кимиёвӣ буда, ба кори тухмдонҳо зиён расонда, сохти тухмҳуҷайраҳоро халалдор менамояд. Фаромӯш накунед, ки аз ҳад зиёд истифода бурдани никотин монеи бо хун таъмин гаштани узвҳои ҳаётан муҳими инсон мегардад.   Гардиши хуби хун барои узвҳои ҷинсии мард низ хеле муҳим аст. Истеъмоли аз ҳад зиёди шароб ва нашъа низ ба қувваи мардӣ таъсири ногувор мерасонад. Машқҳои вазнини ҷисмонӣ ва корҳои хатарнок метавонад кори бонизоми узвҳои ҷинсии мардро халалдор созад.

Қотилони қувваи мардӣ

Касбу коре, ки бо истеҳсолоти кимиёвӣ, ҳарорати баланд, ларзиш, фишори доимӣ ва дарозмуддат алоқамандӣ доранд, ба қувваи мардӣ таъсири сахт мерасонанд.

Аз марди миҷинг Дон-Жуан намебарояд

Барои пухта расидани ҳуҷайраи манӣ як қатор ҳормону омилҳо таъсир мерасонад. Аз ҷумла ҳормони тестостерон бештар барои кори узвҳои ҷинсӣ ҷавобгар аст. Сатҳи ин ҳормон ба инкишофи мушакҳо таъсир расонида, боҷуръатӣ ва ташаббускориро зиёд мегардонад. Рафтори беҷуръатона ва мулоими мард аз паст будани сатҳи ҳормони тестостерон дар ҷисми ӯ ва сустии нерӯи мардонааш далолат менамояд.

 Таҳияи Меҳрубон


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Марди подароз сусткамар мешавад?

  • Дигар мавзу наефтидми астагфируллох астагфируллох астагфируллох тоже мне советник

Leave a Reply