Марҳабо ба боғҳои фароғатӣ

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ба ифтихори  Соли ҷавонон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ,  15- уми июли соли равон соати 18:00 дар Боғи «Ирам», Боғи «Парчами давлатӣ», Боғи «Рӯдакӣ», майдони 800-солагии Москва ва амфитеатри «Аҳорун» бо иштироки ҳунарпешагони ансамблҳои «Лола», «Базморо», раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ барномаҳои консертии ҷолиб манзури тамошобинон мешаванд.

Ҳамчунин рӯзи 16-уми июли соли ҷорӣ бошад, соати 18:00 дар Боғи «Дӯстӣ», Боғи «Рӯдакӣ», Боғи «Парчами давлатӣ» ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертии навбатӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки ин навбат баҳри болидахотирии тамошобинон ҳунарпешаҳои ансамбли тарона ва рақси «Сомон», шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply