Маош 10% ва нархи маҳсулот 100% баланд рафт

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ҶАҲОН

Аз 1 январи соли 2017 дар Туркманистон маоши кормандони буҷавӣ, стипендияи донишҷӯён, нафақа ва дигар кумакпулиҳо 10% боло рафт.

Аммо бо назардошти гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ тайи моҳҳои охир харҷи сокинон 100 дарсад афзудааст. Нимаи моҳи июли соли 2016 дар Туркманистон аз боло рафтани маош хабар расид. Баъди паҳн шудани ин хабар, дар мағозаву бозорҳо нархи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти саноатӣ якбора боло рафт. Давоми 6 моҳи охир дар Ишқободи Туркманистон арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум дасти кам 100% боло рафтааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply