Ҷ. Мансуров: ба номи ман бастани куштори Домулло Абдураҳмон як тӯҳмат аст.

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҷамолиддин Мансуров, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, шаҳрдори собиқи Душанбе ва раиси собиқи ҳукумати ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки ӯро бе ягон асос дар қатли 25 сол пеши Раҳмон Сафаралиев, маъруф ба Домулло Абдураҳмон айбдор мекунанд. Наздикони Домулло Абдураҳмон аз додситонӣ хостаанд, ки қотилони ӯро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Мансуров мегӯяд, ба номи ӯ бастани ин куштор як тӯҳмат аст.

Ҷамолиддин Мансуров, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, шаҳрдори собиқи Душанбе ва раиси собиқи ҳукумати ноҳияи Ҳисор рӯзи 11 октябр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо сомонаи «Ахбор» гузоришҳои нашршуда дар бораи даст доштанаш дар қатли Раҳмон Сафаралиев, маъруф ба Ҳоҷӣ Абдураҳмон дар поёни соли 1992-ро «як тӯҳмати беасос» номид ва рад кард.

Ҷамолиддин Мансуров дар мусоҳиба бо «Ахбор» гуфт: «Он шабу рӯз шабу рӯзи хеле вазнин буд. Ёдам ҳаст, ки рӯзи 26-уми декабр иҷлосияи Шӯрои олӣ шуд ва баъди иҷлосия маро ба ноҳияҳои Кофарниҳону Файзобод фиристоданд. Нирӯҳои ҳукуматӣ алакай ин минтақаҳоро гирифта буданд, вале корхонаҳо кор намекарданд ва мо вазифадор шуда будем, ки мардумро бо нон таъмин кунем. Ман он шабу рӯз дар Ҳисор набудам, вагарна намегузоштам, ки чунин кор шавад. Ҳоло як ҳафта шуд, ки маро дар бораи ин куштор, ки ба ман ягон алоқамандӣ надорад, бозпурсӣ доранд.»

Бадриддин Сафаралиев, писари Домулло Абдураҳмон рӯзи 26 сентябр ба додситонии шаҳри Ҳисор ариза навишта, талаб кардааст, ки қатли падараш аз ҷониби ҷангиёни Фронти халқиро таҳқиқ кунанд ва қотилонро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Домулло Абдураҳмон, сокини он замон 56-солаи деҳаи Қалъаи Ҳисор 31 декабри соли 1992 кушта шуд ва ҷасадашро як ҳафта баъд аз мавзеи Ғори чумчуқҳо пайдо карданд.

Наздикони Домулло Абдураҳмон дар қатли ӯ раиси онвақтаи кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров, собиқ сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии милисаи Ҳисор Баҳром Сувонов, собиқ муовини фармондеҳи Фронти халқӣ Лутфулло Рӯзиев ва муовини сардори боздоштгоҳи муваққати милисаи ноҳияи Ҳисор Камолиддин Бурҳоновро айбдор мекунанд.

Бадриддин Сафаралиев ва Мастура Наимова, ҳамсари Домулло Абдураҳмон мегӯянд, ки ӯ рӯзи 30 декабр барои мулоқот бо раиси ситоди ноҳия Ҷамолиддин Мансуров рафта буд ва ӯро аз саҳни ҳукумати ноҳия, баъди мулоқоташ бо Мансуров ҷангиёни Фронти халқӣ бардоштаанд.

Домулло Абдураҳмонро, ба гуфтаи наздиконаш, аввал ба комиссариати ҳарбӣ ва сипас дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия маҳкам кардаанд ва сипас ба мавзеи Ғори чумчуқҳо дар ҷамоати Мирзо Ризо бурда, паррондаанд.

Наздикони Домулло Абдураҳмон мегӯянд, ки ҷасади ӯро як ҳафта баъд ба Лутфулло Рӯзиев, як фармондеҳи маҳаллии Фронти халқӣ, 60 ҳазор рубл дода, «харидаанд» ва оварда, дафн кардаанд.

Ҷамолиддин Мансуров дар сӯҳбат бо «Ахбор» гуфт, номи ӯро беасос ба қатли ин рӯҳонӣ бастаанд: «Дар он солҳо ҳамаҷо пур аз гурӯҳҳои мусаллаҳи саркаш буд, ки ягон касро гӯш намекарданд. Ман дар он рӯзҳои вазнин мисли дигарон фирор накардам аз Ҳисор, бо халқам истодам ва тамоми кореро, ки аз дастам меомад, кардам, ки нисбат ба мардум бедодгарӣ накунанд. Ҷони садҳо нафарро аз мурдан наҷот додам. Вале Домулло Абдураҳмонро ман намешинохтам, ӯро ман ба ситод даъват накардаам ва даъват карда ҳам наметавонистам, чунки худам он шабу рӯз дар Кофарниҳону Файзобод будам, аслан дар Ҳисор набудам.»

Ҳафтаи гузашта мақомоти додситонии Ҳисор гӯри Домулло Абдураҳмонро шикофта, чанд узви баданашро барои ташхис гирифтанд. Писари ӯ Бурҳон Сафаралиев гуфт, ки бо оҳанрабо устухонҳои баданашро ташхис кардаанд ва 6 оҳанпораи монанд ба тир ба оҳанрабо часпидаанд.

Домулло Абдураҳмон соли 1936 дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Кӯктош (ҳоло – Рӯдакӣ) ба дунё омада, аз соли 1960 дар Қалъаи Ҳисор зиндагӣ мекард.Ӯ дар истгоҳи оббарории совхози 50-солагии СССР кор мекард ва ҳамзамон имоми масҷиди Махдуми Аъзами ноҳияи Ҳисор буд. Соли 1992 Домулло Абдураҳмон дар сафи аввалинҳо ба сафари Ҳаҷ рафт. Як акси Домулло Абдураҳмон бо либоси ҳоҷигӣ аз ангуштшумор нишонаҳоест, ки аз ӯ барои ворисонаш ба ёдгор мондааст.

Ҷамолиддин Мансуров соли 1951 дар деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҷамолиддин Мансуров солҳои 1979-1984 раиси совхози «Дружба” буда, чандин сол дар кумитаи иҷроия ва кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ҳисор кардааст ва соли 1990 раиси кумитаи иҷроияи ноҳия ва вакили Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд. Ҷамолиддин Мансуров солҳои 1993-1994 шаҳрдори Душанбе ва сипас то соли 2000 муовини сарвазир дар умури кишоварзӣ буд. Ӯ солҳои 2000-2005 дар мақоми муовини раиси Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон кор кардааст.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то 1997 давом кард, бино ба ҳисобҳо, ба иқтисоди кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён оварда, то 100 ҳазор нафар кушта ба ҷо гузошт. Аксари қурбониёни ин ҷанги бародаркуш на дар майдони набард, балки дар ҷараёни поккориҳо ё «чистка” кушта шуданд ва аксари ин қатлҳо то ҳол нокушода боқӣ мондаанд.

Ҷамолиддин Мансуров мӯътақид аст, ки бо пеш кашидани қазияи қатли Домулло Абдураҳмон баъди 25 соли кушта шуданаш кадом нирӯи ҳавасманде мехоҳад ном ва обрӯи ӯро доғдор кунад.

Бознашр аз сомонаи Ахбор


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Ачабо……Авфи умуми кучо шуд. Агар ворисони ин 100 000 кушташуда «гумонбарон»-и кушторро ба суд диханд, ахвол чи мешавад? Боз кинаву кудур?

  • Замони рохбарии Мансуров дар Хисор лидер намонд хамии он чавон мардон шахид шудан

  • бояд шумо рохбари мухтарам мансуров чавоб гуед дар назди конун то пеши парвардигор рафтанатон

  • Аз рохбари чумхури хохиш мекунам ки каме назари худро ба нохияи хисор намояд.конун шикани дар хисор.Балниса аз ки аз мансуров аптека аз ки аз мансуров исгохо аз ки аз мансуров галаи гусфанд аз ки аз Мансуров галаи аспу уштур аз ки аз Мансуров гектари бехисоб аз ки аз мансуров богхои бе андоз аз ки аз.Мансуров. лаганбардорони ш файзободу хисор аз ки аз Мансуров.Хулас хамаи ин аз хуни 10000 шахидон шудаст.аз идораи андоз амният ВКД пракратура хохиш менамоям инро ба назар гиред.зеро хеч равшани офтобро бо доман пушонда намешавад.Ва ба катли Домуло Абдурахмон низ гунахгор аст

Leave a Reply