Маъмури фоҳишахона ба даст афтод

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Маъмури як меҳмонхона дар Қӯрғонтеппа бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шуд. Ӯ рӯзи 30 октябр барои алоқаи ҷинии се марду се зан шароит фароҳам оварда, аз ҳар ҷуфт 330 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 59-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, маъмури (администратор) яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 30-юми октябри соли 2017, ҳуҷраҳои меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба 3 нафар мард ва 3 нафар зан, сокинони вилояти Хатлон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 330-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.
Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply