Малика: Саг рӯз дораду ман не….

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Дарде дар сина дорам, ки маро аз дарун оҳиста-оҳиста хӯрда тамом карда истодааст. Номи ин дарди ҷигарсӯзи бедаво бефарзандист!

10-сол боз оиладорам. Хусуру хушдоманам одамони баобрӯ ҳастанд, хурду калон онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Шавҳарам низ чандон бачаи бад набуд. Мо ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Солҳои аввали зиндагиамон шавҳарам маро рӯйи даст бардошта мегашт. Ҳамсояҳо, хешу табор ва тамоми шиносҳоямон ба ишқу муҳаббати мо ҳасад мебурданд, вале рафта-рафта муносибати шавҳарам бо ман сард шудан гирифт. Сабаби дилхунук шудани ҳамсарам бор наовардани нахли умрамон аст. Дар тӯли ин солҳо ба куҷоҳое, ки нарафтем, аммо бо ин ҳама такудав Худованд ба мо фарзанд надод. Табибон айбро дар шавҳарам мебинанд, вале ӯ гуноҳи худашро ба зимма нагирифта, санги маломатро доим ба сари ман мезанад, ки ба ӯ писар назоидам. Муносибатҳоямон хоса ду соли охир бениҳоят тезу тунд гаштаанд. Эҳсос мекунам, ки шавҳарам ба ман нафрат дорад ва маро ҳатто дидан намехоҳад. Ҳар гоҳ аз дари хона дароям, қошу қавоқ андохта, ягон гапи нешдор мезанад, то дили ман озор ёбад. Магар дар фарзанддор нашуданамон ман гунаҳкорам, ки шавҳарам маро ин қадар азоб медиҳад, охир Худо як порча гӯштро аз мо дареғ дорад, чӣ кор кунам? Ҷонам ба лабам омадааст, дигар тобу шунидани таънаю маломати безурриётӣ ва бардоштани лақаби “гови қисир”-ро надорам.  Мехоҳам аз минбари ҳафтаномаи “Оила” ба шавҳарам муроҷиат карда бигӯям:

-Мардакҷон, шумо маро барои табобат ба тамоми ҷой бурда бо ду гӯши худатон шунидед, ки духтурон дар ман ягон айб наёфтанд. Ҳамеша дар ҳама ҷо мегуфтанд, ки занатон ягон нуқсон надорад, худатон бояд аз ташхис гузашта, табобат бигиред. Дар тӯли 10-сол ягон духтур ё табиб нагуфт, ки занатон нозой аст, аз вай фарзанд намешавад, зани дигар гиред. Ба хотири соҳиби фарзанд шудан мани солим доруи бисёре хӯрда, тамоми аъзои баданамро иллатӣ кардам. Сарамро ба сад дар задам, то ки шуморо соҳиби писар ва дар байни дӯстонатон сарбаланд гардонам, аммо Худо нахост, чӣ кор кунам? Албатта ман шуморо мефаҳмам, вале шумо ҳам кӯшиш кунед, ки маро фаҳмед. Кадом зан намехоҳад, ки аз забони тифлакаш калимаи ширини “очаҷон”-ро шунавад? Ҳар як зан орзуи модар шуданро дорад, вале Худованд ба яке фарзанд медиҳаду ба дигаре не. Аз дасти банда коре намеояд, агар Худо дар пешонаам фарзандро нанавишта бошад.

Хулласи калом, агар дигар бо ман зистан нахоҳед, беҳуда ҳам худатон ва ҳам маро ин қадар ҷигархун накунед. Ба гарданатон занҷир баста шуморо маҷбур намекунам, ки бо ман зиндагӣ кунед. Дилатон, агар зани ҷавон мехоста бошад, маро ба хубӣ ба хонаи падару модарам бурда монед ва ҷавобамро диҳед. Ман аз шумо не, аз Худованд гиламандам, ки як порча гӯштро ба ман лоиқ надида, назди дӯсту душман гапшунав ва таънасорам кард!

Маликаи дидагирён


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • салом апаҷон !
    ҳамсаратро ширкати «НАҶОТ» баред дар фабрикаи Ширин 3 этаж аст !
    ин сайти ширкат аст :
    http://www.najot.tj
    дохили сомона шавед рақамҳои Раиси ширкат ҳаст занг занед!
    дар ин ширкат як маҳсулот ҳаст барои шавҳари шумо !

  • Худат е шавхарат илоч дошта бошед ба ман занг занед маслихат медихам ин азоб аз сари оилаи моям гузаштааст шукри Худованд ки моро сохиби 1 писару 2 духтар гардонд

Leave a Reply