Маҳмадамин Маҳмадаминов дар СММ ширкат намуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

30 ноябри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мулоқоти навбатии Гурӯҳи «Дӯстони об» ширкат ва суханронӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Маҳмадамин Маҳмадаминов роҷеъ ба раванди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба ҳозирин маълумот пешкаш кард.

Намояндаи доимӣ ҳамчунин аз пуштибонии қавии Дабири Кулли СММ ва нақши фаъоли Раиси Маҷмаи Умумии СММ дар раванди оғози ташаббуси болозикри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply