Маҳинаи Давлат ба суроғи Судоба рафт… (Видео)

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Хабари лату кӯбшудаи духтараки ноболиғи ёвонӣ Судоба Сафарова, ки холааш ӯро зери мушту лагат гирифта, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст, субҳи 23-юми октябр дар сомонаҳои иҷтимоӣ барқсон паҳн гашта, сару садо ва баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард.

Барои то куҷо асос доштани ин овозаро таҳқиқ намудан хабарнигори «Оила» Маҳинаи Давлат ба ҷойи ҳодиса сафар намуда, дар кӯтоҳтарин муддат видео ва аксҳои ҷабрдидаю гумонбарро дар сомонаи “Тajikistantimes.tj” ба нашр хоҳад расонд.

-Мехоҳед донед, ки Судобаро аммааш Зулфия қасдан аз баландӣ ба замин ҳаво додааст?

-Падари Судоба дар маҳбас, вале модараш дар куҷост?

-Чаро хешовандонаш ба ин духтарчаи зиндаятим ин қадар ҷабру зулм мекунанд?

Ба ин ва чанд суоли дигар дар фурсати наздиктарин хабарнигори “Оила” Маҳинаи Давлат тариқи сомонаи “Тajikistantimes.tj” ҷавоб гуфта, қиссаи сарнавишти Судобаро дар шумораи навбатии “Оила”пешкаши шумо месозад. Бо мо бошед!

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply