Маҳаллаҷанги ҷавонон дар Душанбе қассосгирӣ

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Тавре иттилоъ дода будем, шаби 2 ба 3 январи соли равон байни як гурӯҳи ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-и шаҳри Душанбе, ки гӯё хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино ҳастанд, дар маҳаллаи 104-ум задухӯрди хунин ба амал омад. Азбаски мақомоти милиса ин ҳодисаро қаблан шарҳ надоданд, расонаҳо аз он чун одат «мактабҷанг» ном бурданд.
Хабарнигорони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» 3 январ ҳодисаро таҳқиқ карда, муайян намуданд, ки ҳамаи иштирокчиёни ҳодиса хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино ҳастанд. Аз ин рӯ, он мактабҷанг нею маҳаллаҷанг будааст.
Акнун баъди се рӯзи ҳодиса мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки ҳоло 15 нафар иштирокчии куштори мазкур дар Душанбе боздошт шудаву таҳқиқи пешакии он идома дорад ва фарзияи пешакии тафтишот ин бархӯрди ҷавонон “як қассосгирӣ” будааст.
Тафтишро додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ — “куштор” ва “авбошӣ бо истифода аз ашёе, ки ба сифати яроқ истифода шудааст”, муайян кардааст. Ду гурӯҳи ҷавонон пешакӣ маслиҳат карда, ҳатто ҷои занозаниро дар маҳаллаи 104 муқаррар мекунанд ва бо худ корду дигар олоти оҳанин мегиранд.
Вазорати умури дохилӣ гуфтааст, ки ин занозанӣ соати даҳи шаби 2 январ миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт сар зада, ба ҳалокати Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (соли таваллудаш 1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (соли таваллудаш 1999) боис шудааст.
Задухӯрди наврасону ҷавонони сокини маҳаллаҳои 102 ва 103 аввалин бор набудааст. Ин ду гурӯҳ моҳи декабри соли 2016 бори аввал байни ҳам сар ба сар мешавад ва ҷавонони маҳаллаи 102 як ҷавони маҳаллаи 103-ро лату кӯб карда будаанд. Дар натиҷа маҳаллаҷанги қасосӣ аз ҳар ду тараф якнафариро ғуррамарг кард.
Э. НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply