Мӯйсафеди афғон 55 кг афъюн қочоқ карданӣ шуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Дар арафаи Соли нав бо ҳушёрию зиракии кормандони милитсия дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қочоқи 55 кг маводи мухаддир аз тарафи мӯйсафеди 67-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгирӣ карда шуд.

Тавре Хадамоти матбуотии ВКД ҶТ меафзояд, зимни амалиёти  оперативӣ дар қаламрави Ҷамоати деҳоти Нилванди ноҳияи Дарвози ВМКБ шаҳрванди 67-солаи Афғонистон Эшони Саид валади Маҳмадшо б даст афтид, ки ӯ мехост 54 килограмму 670 грамм афъюн ва беш аз 300 грамм бангдона (ҷамъ 55 кг маводи мухаддир)-ро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол бидиҳад.

Нисбат ба ин қочоқбари афғон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply