Мӯйсафед маро «движенӣ» кард

Номаҳо, НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар як корхонаи хусусӣ ба ҳайси котиба кор мекунам. Ҳар субҳ аз маҳалаи 33 то корхонаам бо хатсайри 13 меоям. Рӯзе нав ба маршрутка нишаста будам, ки мӯйсафеде «марҳамат, ана ин ҷо шинед» гӯён, ба ман ҷой нишон дод. Баробари дар паҳлӯяш нишастанам қулфи даҳони мӯйсафед якбора кушода шуда гуфт: «Духтари хушрӯй будаӣ. Як ҳамсинф доштам, мисли як себи дукафон ба ту монанд буд. Дӯсташ медоштам. Туро дида ӯ ба ёдам расид, чӣ мешавад, ки рақамҳоятро диҳӣ, то дар вақтҳои бекорӣ ҳардуямон чақ-чақ кунем».  Ба ғазаб омада гуфтам: «Айбро намедонед, шумо дар синну сол аз падари ман калон ҳастед, чӣ гуна виҷдонатон иҷозат дод, то чунин суханҳоро гӯед?!» Дигар тоби дидани ин мӯйсафеди бадафтро накарда рӯямро гардондам. Як вақт бинам, мӯйсафед сарашро баҳузур дар китфи ман монда хобидааст. Дилам танг шуда, ба бари гарданаш якто зада гуфтам: «Ман барои шумо болишт нестам!» Мӯйсафеди беимон чашмонашро кушода боз ба гаппаронӣ сар кард.

Косаи сабрам лабрез шуда, бо садои баланд фарёд задам: «Бо ҳамин ришу фашат аз Худо наметарсӣ, ки ба ҳамсоли духтарат чунин гапҳоро мегӯӣ?! Мурдани ту барин мӯйсафеди занбоз беҳтар аст!» Мусофирони хатсайр сӯйи мо нигаристанд. Мӯйсафед шарм дошта ба манзил нарасида аз мошин фаромад.

Ин ҳодисаро ба он хотир навиштам, ки имрӯзҳо шумораи чунин мӯйсафедон зиёд шудааст. Ба ҷойи маргро ёд кардану аз худованд омурзиши гуноҳонашонро талабидан, ба ҷавонзанҳои шавҳардору духтарҳои ҳамсинну соли набераҳояшон гап партофта  мегарданд. Бисёр занону духтарон шарм дошта дар ҷавоб чизе намегӯянд. Хонандагони азиз, чунин мӯйсафедони шилқинро мисли ман боб кунед, ақлашон ба сарашон зада дигар чунин рафтор намекунанд!

Гулмира, корманди «Шарқи Озод»


Поделиться новостью в социальных сетях:

8 комментарий

  • кори хуб накардед, чуноне бузургон фармудаанд; Неки куну ба дарё парто

  • Ваааххх метонисте наменависте,,Шарки озод,,
    Хай чи бобо як давраи чавониша ба ёд овардай журналистика-духтар гап додай))))

  • Ба чои бобо мешудм суруди,,Чавони раааффтт,,та да бехи гуши духтар мехондумша яке дилш мулоим мешуд.))))

  • салом эй апа ай ида бадш мекарди холиям камш кардай

  • Ин духтар дуруст кардаст.Посухчихо ин ба шумоен тааллук дорад»ба чои ин духтар хохари худатона монед».

  • МА ШАА АЛЛАХ ,хохарчон муйсафеди беодоба ба чояш шинонден

  • Мункин айби ин духтар бошад либосхои урён дошай муйсафед бедор шидай як фикр кун чи хел либос дошти агар либосхои бе маъни дошти худата худат хурмат накардай амихели шидай

Leave a Reply