М.Ҷумъазода: 11 миллиони буҷа ба корҳои иктишофи геологӣ сарф шуд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригардида ба буҷети кишвар беш аз 7 миллион сомонӣ андоз супоридааст.

Ин рақам 62 фоизи маблағҳои аз буҷаи давлатӣ барои иҷрои корҳои иктишофӣ ҷудошударо ташкил медиҳад. Дар ин бораи зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.
Мурод Ҷумъазода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Саридораи геологияи назди Хукумати ҷумҳурӣ дар зарфи соли 2016 зикр кард, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби корхонаҳои воҳидии Саридора наздик ба 8 ҳазор метр чоҳҳо парма карда шудаанд. Ҳамзамон дар соли гузашта барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ аз буҷа маблағ ҷудо гардид.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply