М.Шарифзода: Донишҷӯён маблағи шартномаро зина ба зина пардохт менамоянд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 4780 донишҷӯ таҳсил дорад, ки аз он 2841 нафар дар шуъбаи  рӯзона ва 1930 нафар дар бахши ғоибона мебошад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Мумин Шарифзода, ректори донишгоҳи мазкур ба хабарнигорон иттилоъ дод. Аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи ректор, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯйи 16 ихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ   мутахассисон омода мегарданд.

Соли 2016 бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тибқи  он барои якчанд ихтисосҳои нав, аз ҷумла информатикаи иқтисодӣ, суғурта, бизнес- маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат, сиёсати берунӣ ва дипломатия, баҳисобгирии бухгалтерӣ,  таҳлил ва аудит дар бонкҳо, маркетинг дар сайёҳӣ иҷозатнома гирифта шуд.

Соли таҳсили 2016-2017 маблағи  шартнома барои донишҷӯёни дохиливу хориҷӣ бетағйир мондааст. Ба гуфтаи ректор, бинобар буҳрони молиявии ҷаҳонӣ,  ба донишҷӯён имкон дода шуд, ки маблағи шартномаи таҳсилро давоми сол зина ба зина пардохт намоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “М.Шарифзода: Донишҷӯён маблағи шартномаро зина ба зина пардохт менамоянд

  • Барои чй шартномавй гарон аст, будчави бояд кард, халк нони хурданй надорад фарзандонашон аз хисоби молиявй дохил шуда наметавонанд вой бар холи чавонони бе илм монда, дипломдор бошад кор намеебад чй бояд кард каме ИНСОФ даркор…!

Leave a Reply