Лигаи футболи Тоҷикистон сомонаи расмии худро ба кор андохт

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Сомонаи ФФТ 8 январ хабарро дар бораи таъсиси сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) расонаӣ кард.

Сомонаи ЛФТ дар арафаи мавсим нави футболи кишвар дар  интернет www.tfl.tj   ё  www.flt.tj ном гирифта, барои баргузории чемпионатҳои Лигаи олӣ, мусобиқаҳои лигаи якум ва дублёрҳо (ҳайати дуюми дастаҳо), инчунин Суперҷом, Ҷоми мамлакат ва ҷоми ФФТ мусоидат менамояд. Аз сомонаи нав бозиҳои марказӣ, навигариҳои дастаю бошгоҳҳо, аксу видеоҳо, маълумоти оморӣ ва дигар ахбори муфидро пайдо кардан мумкин аст. Пешбинӣ шудааст, ки веб-захираи ЛФТ вохӯриҳои лигаро дар реҷаи лайв намоиш медиҳад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply