Котиби Суди шаҳри Душанберо ба суд кашиданд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти котиби коллегияи судии Суди шаҳри Душанбе Баҳром Кенҷаев хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ба фоидаи охирин ҳал намудани баҳси граждании манзили истиқоматӣ 4000 доллари ИМА талаб намудааст.
«Баҳром Кенҷаев зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани 4000 доллари ИМА дар шаҳри Душанбе дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд»,-илова намуд манбаъ.
Дар айни замон нисбат ба Баҳром Кенҷаев бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply