Кош ба рӯят туф намекардам, падар!

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Падарҷон, агар тавонед, духтари беақлатон Маликаро бубахшед! Афсӯс, хеле дер фаҳмидам, ки гунаҳкори он ҳама ҷангу ҷӯш дар хона ва байни авлодамон шумо набудаед.

Хешу табори модарам мегуфтанд, ки падарат беваи нав ёфта модаратро бе гуноҳ талоқ дод ва мани сода ба суханонашон бовар мекардам. Акнун фаҳмидам, ки модарам ниҳоли бахташро бо дасти худ решакан кардааст. Тардомании модарам сабаби ҷудоии шумо ва он ҳама ҷанҷолу моҷаро будаасту мо аз бефаҳмӣ тарафи модарамонро гирифта шуморо ранҷондем. Касе аз мо, фарзандонатон бо шумо рафтан нахост. Падарҷон, охир он вақт кӯдак будем ва ақли кӯчакамон ба бисёр чизҳо намерасид. Баъди рафтани шумо чунон воқеаҳое ба сарамон омад, ки агар фаҳмед, ҳуш аз саратон мепарад. Бобову бибиям асли гапро фаҳмида аз баҳри модарам гузаштанд. Шикасти бахташ ба ӯ дарси ибрат нагашт,  баъди аз шумо талоқ гирифтан ҳам модарам боз ҳамон корашро давом дода, бо мардҳои серпул айшу ишрат карда мегашт. Дар дунё ягон сир пинҳон намемондааст падар, асрори фоҳишагии модарам ҳам фош гашта, оқибат оқипадар шуд.

Падарҷон! Маро бубахшед, ҳамон вақтҳо надониста ба рӯятон туф карда будам. Поятонро мебӯсаму туфи кардаамро гашта ба рӯйи худ мепошам, фақат маро бубахшед, падарҷон! Агар шумо ин гуноҳи азими маро набахшед, дар оташи ҷаҳаннам хоҳам сӯхт. Азоби руҳиамро танҳо худам медонаму Худованд, ин чи кори кардаам буд гуфта, худамро дарун ба дарун хӯрда тамом кардам падар. Медонед, ман акнун рассом шудаам, ҳар рӯз расми шуморо мекашам. Бадбахтона апаам ҳам аз паси модарам рафт. Очаву духтар рӯзи дароз дар ким-куҷоҳо гашта, бегоҳ бо сеткаҳои пур меоянд. Ба чӣ кор машғуланд, худашон медонанду Худованд. Ман бо онҳо қариб, ки гап намезанам, зеро медонам, ки пули ҳаром ба даст меоранд. Модарам ифлосиҳои худашро ба сари шумо бор карда «падарат дар вақташ ба апаат чашм ало карда буд» мегӯяд, гӯё вай шуморо дар рӯйи ҳамин кори ҳаром дошта бошад, апаам ҳам то ҳол шуморо дашном дода мегардад, вале ман ба гапи онҳо бовар намекунам. Замони хурдакак буданам ба ин гапҳои дурӯғ бовар карда ба шумо нафрат доштам, имрӯз ақлам даромада ба ҳамааш сарфаҳм рафтам. Медонам, ки модарам шуморо туҳмат кардааст, то сирру асрори фоҳишагии худашро пинҳон кунад. Падарҷон, пештар ман шуморо бад медидам, вале ҷойи бадбиниро муҳаббат гирифтааст. Фикру хаёлам доим бо шумо банд аст, ҳама фарзандонатон аз шумо рӯй гардонда бошанд ҳам, ман рӯ намегардонам, чунки ба инсони пок буданатон эътимод дорам. Шуморо бо тамоми ҳастиам дӯст медорам. Касе, ки шуморо бад мегӯяд, душмани №1-и ман аст!

Духтари чашминтизоратон: Малика


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply