Корманди IRS аз садама ба ҳалокат расид

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бар асари бархӯрди мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як корманди ширкати IRS ба ҳалокат расида, як корманди дигари ҳамин ширкат ҷароҳати сангин бардоштааст. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 11-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи имрӯз дар 205-ум километри роҳ воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон рух додааст.

Ба қавли вай, ҳодиса пас аз он рух дод, ки як мошини боркаш бо сабаби фаромадани туман дар канори роҳ таваққуф кард ва худравҳои дигар ҳангоми убур ба ин мошин бархӯрданд. Сухангӯи IRS мегӯяд, ки дар умум 8 мошин ба ҳам бархӯрданд. «Дар ҳамин миён кормандони мо, ки машғули коркарди роҳ бо маводҳои зидди лағжиш буданд, як нафар коргар бо номи Зафар Ғоибов ба ҳалокат мерасад ва як нафари дигар осеби ҷиддӣ мебинад.»

Масъулони ширкати IRS овозаҳо дар мавриди бештари будани шумораи қурбониёни ин садамаро радд карданд. Ба гуфтаи Далери Абдуллоҳ, дар вақти рух додани ҳодиса ҳолати роҳ хуб буда ва танҳо бинобар фаромадани туман, ин садама иттифоқ афтодааст. Мақомоти корҳои дохилӣ то ба ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply