Корманди БДА ба садама дучор гашт

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Корманди шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Наврӯз Туманови 35-сола ва ҳамсару ду кӯдаки ӯ бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти ШБДА РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзо Саидов хабар дод, ин садамаи нақлиёти фоҷеабор дар роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа, дар ағбаи Фахробод рух додааст.

«Автомашинаи таҳти идораи Наврӯз Туманов ба мошини боркаш бархӯрда, дар натиҷа худаш, ҳамсар ва ду кӯдакаш ба ҳалокат расидаанд, — иттилоъ дод Саидов. — Боз ду кӯдаки дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон тамоми ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ин садамаи нақлиёти марговар мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply