Корхонаи Зарафшон Зар аз кисту заҳр аз кист?

ИҚТИСОД, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Ба  таваҷҷуҳи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода

 Корхонаи муштараки «ЗАРАФШОН», ки агар дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мебуд, бо чунин тарзи корбарӣ ба яктинаи сиёҳе намеарзид, имрӯз  пурнуфузтарин корхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шумор меравад ва чашми ҳама сӯи ӯст. Хосатан, аҳолии деҳаҳои Филмандару Косатарош ва Шинг ки чун «мужик»- и рус, ки сураташ дар китобҳои таърихи шӯравӣ ҷой дошт, барои пой мондан замин надоранд ва бо «кумак»-и собиқ шаҳрдори шаҳри Панҷакент Шокир Собиров аз ҳаққи заминҳои худ абадан маҳрум шудаанд ва имрӯз на замини ба ном «президентӣ» доранду на саҳми замин ва охирин қитъаҳои заминашонро корхона барои сохтмонҳои худ ба тариқи қонунӣ, ё худсарона соҳиб гардид, аз сабаби тангии зиндагӣ  ба ин корхона эҳтиёҷи бештаре доранд. Ҳатто бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аксари ҷавонони минтақаҳои дигар барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ соҳиби замин шуданд, ҷавонони деҳаҳои Филмандару Косатарошу Шинг аз ин неъмат ҳам маҳрум монданд.

Вале ду сол пеш кадом протоколи сохтаи Ҳукумати Тоҷикистон дастраси ҳуқуқшиноси корхона гардид . Ногуфта намонад, ки барои ҳамаи масъалаҳоро ба фоидаи хитоиҳо ҳал кардан ин ҷаноб баробари маоши даҳ-дувоздаҳ нафар коргар ҳақ мегирад. То ин протокол нафақахӯрон низ ҳуқуқи кор кардан доштанд ё барои таъминоти нони оила  фарзандашонро ба ҷои хеш ба кор мемонданд. Аз он рӯзи наҳс корхона коргаронеро, ки синнашон ба 63 мерасад, беэҳтиромона дар рӯзи таваллудашон аз дар берун мекардагӣ шуд ва бо «кумак»-и ҳуқуқшинос  ва собиқ раиси Суди шаҳри Панҷакент  Аминзода Зокир ягон нафар ба кор барқарор нашуд ва ин обрӯи ҳуқуқшиносро пеши рӯи хитоиҳо даҳчанд афзун намуд. То имрӯз садҳо нафар коргарро ба нафақа гусел карданд, вале ягон нафар коргари нав қабул нашудааст ва агар қабул шуда бошад ҳам, пинҳонӣ ва барои мо маълум нест, чунки аз рӯи сухани корманди шуъбаи захираҳои одамӣ Амриддин Фахриддинов намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар корхонаи муштараки «ЗАРАФШОН» Мӯсоев Маҳмудҷон Мардонович супориш додааст, ки шумораи аниқи ба нафақа рафтагонро ба касе нагӯянд. Ду сол пеш беҳтарин пизишки шаҳри Панҷакент Рӯзибой Ҳасановро «ба синни нафақа расидӣ»-гӯён пеш карданд. Азбаски ин табиб таҷрибаи кофӣ дошт, коргарони бемор ба ӯ эҳтиёҷи зиёде доранд. Имрӯзҳо дар даромадгоҳи  хонаи ў  бинобар маъруфияташ беморон саф кашидаанд  ва вақти сархорӣ ҳам намеёбад. Аз он рӯз сар карда, ба ҷои се кас дар нуқтаи тиббӣ ду кас кор мекунанд. Намедонам,  аз кор рондани ӯ ба  манфиати кӣ бошад, чунки коргарон маслиҳатгар ва табиби ҳозиқеро аз даст доданд. Имрӯз садҳо нафар табибон баъди нафақа ҳам дар беморхонаҳо кор карда истодаанд. Ҳол он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳояшон дар кушодашавии ЗИФ—1, ЗИФ—2 ва иштироки намояндаашон дар кушодашавии фабрикаи холисгардонии тилло ба масъулин супориш дода буданд, ки ҳазорҳо мардуми безамини маҳалро ба кор таъмин намоянд. Агар дусад ё сесад нафар коргарро ба нафақа гусел карда бошанд, чаро ҷои онҳоро бо коргари нав пур намекунанд?  Ин ҷо сабаби дигаре  ҳаст. Зеро бе иҷозати хитоӣ тоҷикон коре карда наметавонанд. То ба наздикиҳо дар  шуъбаҳои захираи одамӣ (отдел кадров) ва молия кормандони маҳаллӣ фаъолият мебурданд, вале ҳоло  хитоиҳои  бидуни маълумоти касбӣ сафарбар шуданд. Даҳҳо нафар коргарони бегуноҳи аз кор рондаи онҳо бо талаботи қонун ба кор баргардонда шуданд.

Аз супориши таҷдиди роҳи Сӯфиён-Шинг ҳам қариб ду сол мегузарад, вале касе ин супоришро ба ёд намеорад.  Ногуфта намонад, ки ин роҳ роҳи ободи мумфаршкардашуда буд.  Ин роҳро техникаҳои гаронвазни ин корхона пурра аз байн бурданд. Аз корхона таҷдиди роҳ дархост шуда буд, вале Чжан Шундин (роҳбари корхона)  ҳатто намехоҳад, ки роҳи харобкардаи худро барқарор кунад.

Боғча ва мактаб низ насиби шингиҳо, филмандариҳо ва косатарошиҳо, ки ҳатто дар замини худ аз заҳри ин корхонаи пурзаҳр помидор ва кабудӣ рӯёнда наметавонанд, нашуд. Мавзеи Ҳафткӯли ҷамоати деҳоти «Шинг» зеботарин ва пурбинандатарин мавзеи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз аз дуди ғализ ва чангу гарди корхонаи оҳакпазӣ дар деҳаҳои он  нафас кашидан душвор аст. Дар тамоми ҷаҳон корхонаҳои зиёновар ба аҳолии атроф ҷуброн медиҳанд ва зиёни худро талофӣ мекунанд. Идораи экологии шаҳри Панҷакент ба куҷо менигарад?

Агарчӣ имрӯз навад фоизи аҳолии ин деҳаҳо аз заҳри сианиду реаген ва кислотаҳо, чанги роҳ, инчунин аз заҳрҳои доимии фабрикаи холисгардонӣ аз бемориҳои дил, фишорбаландӣ, асабоният, саратон ва ғайраҳо азоби ҷонкоҳ доранд, ба хотири як бурида нон таҳаммул мекунанд. Танҳо дар хоҷагии Баҳриддиновҳо аз деҳаи Косатарош ду бародар шодравонҳо Пирмуҳаммад ва Ёрмуҳаммад аз саратон фавтиданду чанд тани дигар аз ин дард ранҷ мебаранд.     Агар коргар аз хитоӣ ё мененҷери маҳаллӣ, чизеро талаб кунад, роҳро нишон медиҳанд  ва дар пушти дарвоза  интизор будани корҷӯйҳоро ёдрас мекунанд.

Дар ҷои калидии ин коргоҳ танҳо як мененҷери тоҷик кор мекард, яъне кони Тарор. Ин шахс Муиниддин Содиқов мебошад, ки хатмкардаи мактаби олии Россия аст, на Тошканд,  саводи хубе дорад ва аз илми саноат бархӯрдор аст. Ҳангоми  дар рухсатӣ буданаш корманде бо номи Алишер Ҳомидов ба садамаи нақлиёти дучор шуда мефавтад . Амакаш Ҳомидов Муҳаммадсиддиқ, ки ҳатто алорағми тоҷикон солҳои навадум ба колхоз номи қотили халқи тоҷик Амир Темурро дода буд, аз қудрати дӯстони болоияш истифода бурда, ӯро низ аз кор барканор кард ва имрӯз ҷиянаш Холмуродов Зокирро дар ин курсӣ дидан мехоҳад.  Ҳатто кор ба ҷое расид, ки прокурори шаҳри Панҷакент Авазҷон Назарзода барои аз кор бартараф кардани Муиниддин Содиқов ба корхона амри хаттӣ ирсол намуд ва кори шаш нафари дигарро ба суд кашонд. Ҳол он, ки дар садамаи нақлиётӣ танҳо ронанда гунаҳгор асту бас, чунки садама бо гуноҳи ронанда сар мезанад. Вақте ки автомашинаи мазкур ба иҷора гирифта шудааст, дар шартномаи байни корхона ва ронанда зикр шудааст, ки ба ҳолати техникӣ ва техникаи бехатарӣ танҳо ронанда ҷавоб мегӯяду бас.

Аз рўи инсоф мегӯям, ки ҳамаи коргарони  баландрутбаи корхона хатмкардагони мактаби олии Тошканданд ва фарзандонашон имрӯзҳо дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд ва шаҳрванди ин мамлакатанд. Муҳаммадсиддиқ ба фоидаи додарзодаи фавтидааш аз корхона он қадар маблағ рӯёнд, ки марҳум дар тамоми умр рӯи ин қадар пулро намедид. Ман ба ин коре надорам,ҷони вай  рафтааст ва ҷавонмарде фавтидааст,  вале аз деҳаи Косатарош дар корхона ҳафт кас ба ҳалокат  расид, ки ҳамаи онҳо на дар садамаи нақлиётӣ, балки ҳангоми иҷрои вазифа ҷон бохтаанд ва бо сабаби ба тақдир тан додани наздиконашон касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Шодравон Расул Юнусов ҳангоми аз сафари хизмати баргаштанаш, ки ҳамсафаронаш англисҳо буданд, сангсор карда шуд. Дар ин сангсоркунӣ танҳо як нафар чорбоғӣ, ки бекас буд, даҳ сол ба ҳабс нишасту бас. Ҳол он ки сангсор аз дасти як кас намеояд. Корхона ба наздикони ӯ на маблағ доду на хона. Ҳатто ба ҷояш касеро ба кор нагирифтанд. Ахтам Холовро оҳан зада кушт. Ҳамроқул Фаттоҳов дар нақб зери санг монд. Зафар Маҳмадов ҳангоми иҷрои супориш дар торикӣ ба чоҳи зиёда аз садметра фурӯ рафт. Ногуфта намонад, ки ин чоҳ барои фурӯ рехтани маҳсулот, яъне хокаи тиллодор кофта шуда буд ва дар сурати пайваста кор кардани ин чоҳ корхона миллионҳо доллар фоида медид. Фоидаи ин чоҳ танҳо он шуд, ки ҷавонмарде ба сисолагӣ нарасида, дунёро тарк намуду чаҳор тифли бегуноҳи ў, ки имрӯз хона надоранд, ятим монданд.

Чоҳи мазкур барои аз теппаи кӯҳ ба ҷои бехавф расондани маъдан  пешбинӣ шуда буд, вале бо кадом сабабе маъдан дар нимароҳ банд монду барои аз нав кушодан ва ба кор сар кардани он миллионҳо доллар сарф шуд, вале на хитоӣ ва на каси дигар  аз ўҳдаи кушодани ин чоҳ набаромад. Агарчанде ки кормандони олирутбаи вазоратҳои дахлдор хавфнок будани роҳи маъданкашонии имрӯзаро медонанд, намедонам бо кадом сабаб онро манъ наменамоянд.  Ё сабр мекунанд, ки  фоҷиаҳои дигар рух диҳад? Марги Алишер низ дар ин роҳ ба вуқӯъ омадааст. Ба           Амон Шоев зери лӯлаи бор монд. Бердимурод Тағоевро барқ зад. Наврӯз Рауповро чархи мошин зада кушт. То имрӯз касе ба ҷое даъво набурдааст, ки фалонӣ аз кор ронда шавад.

Дар Россия ғуломвор  кор кардани ҳаммиллатони мо бас набуд, ки дар Ватани худамон хитоиҳо моро ғуломи ҳалқабаргӯши худ медонанд ва одам ҳам ҳисоб намекунанд, чунки бо маоши ҳангуфт забони кормандони баландрутбаи тоҷикистониро кӯтоҳ кардаанд ва онҳо ягон масъаларо бо хитоӣ ҳал карда наметавонанд. Дар шуъбаи сохтмонии корхона Абдунозир Наҷмиддинов даҳсолаҳо боз роҳбар аст. Ин ҷаноб бо вуҷуди коргари зиёд доштан ҳамеша аз ташкилотҳои беруна дар кори сохтмон кумак мехоҳад. Аз ба кор сар кардани ЗИФ—2 вақти зиёде нагузаштааст, вале аллакай идораи маъмурии он корношоям асту ба мабразу ҳаммоми он даромадан имкон надорад. Ман намедонам, ки дар сохтмони ин иншоотҳо чӣ қадар маблағ сарф шуда бошад. Ба қарибӣ раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода  супориш дод, ки аз назди қабристони деҳаи Косатарош то ба итмомрасии деҳаи Шинг барои эҳтиёт соҳили дарёи Шинг мустаҳкам карда шавад. Соли гузашта дар натиҷаи обхезии ин дарё роҳи ыамоатҳои деҳоти Шинг, Моғиён ва Фароб пурра аз байн рафтанду  қисми зиёди заминҳои кишт ва  хонаҳои мардуми Филмандару Косатарошро сел харобу валангор кард. Ҷаноби Наҷмиддинов бо як булдозер чанд рӯз каме қумро ин тарафу он тараф зад ва рисолати хешро гӯё ба ҷо овард, вале мутаассифона қуми задаи ӯро рӯзи дигар оби дарё бо худ бурд. Чӣ қадар маблағ сарф шуданашро  виҷдони дастандаркорон медона

Коргарон ҳуқуқ надоранд, ки ба назди Чжан Шундин, ки худсару ҳавобаланд асту вазифаи директори генералии корхонаро иҷро мекунад ва бо вуҷуди чандин «корнамоиҳояш» ӯро аз кор намегиранд, дароянд ва масъалаи худро ҳал кунанд. Ҷонишини ӯ Хуан Вен Чан дар золимӣ ва тоҷикбадбинӣ шуҳрати беандозаеро соҳиб аст.

Солиёни зиёд аҳли башар  барои кори ҳаштсоата ва маоши баланд мубориза бурданд, вале дар ин корхона коргарон барои пайсае ба каф овардан ба ҳамаи шарту шароитҳои хитоиҳо розӣ шудаанд. Яъне бо ташаббуси Чжан Шундин  ва лаганбардорони ӯ ҳамаи шуъбаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоби хоҷагӣ гузаштанд. Ин кор ба манфиати онҳост, чунки ба коргар танҳо музди натуравиаш дода мешавад. Дар рӯзҳое, ки ба таъмир сарукор мегирад, соҳиби дираме намешавад. Турфа ҳисобе. Ягон шуъба аз пеши худ коре карда наметавонад. Қисмҳои эҳтиётӣ бо пули гарон аз Хитой оварда мешаванд. Ҳатто як дона мехе, ки дар бозорҳои Тоҷикистон онро ба чанд дирам харидорӣ кардан мумкин аст, аз Хитой бо доллари ҳангуфте  ба корхона расонда мешавад.

 Ба қарибӣ дар кони Тарор тасодуфан экскаватори боркунандаи  тамғаи «Волво» месӯзад, ки то имрӯз пули онро аз ҳисоби меҳнати коргарон медоранд. Вазифадоронро тафтишот сонияе ором намегузорад   Пули сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ низ аз ҳисоби меҳнати коргарон аст.

 Коргар соати панҷи саҳар аз хона мебарояд ва одатан соати 22 ба хона бармегардад, яъне 17 соат дар кор асту ҳафт соат дар хона. Мувофиқи оинномаи ҳуқуқи башар ба корманд барои ин соатҳои дар роҳ масрафкардааш низ бояд пардохти муайяне намояд. Кас ҳайрон мемонад, ки заркор бо ситам зари зердастонашро ба фоидаи худ меситонад. Ин тарзи корфармоиро мумкин ҳуқуқшинос Фаррух Исрофилов шарҳ диҳад.

Агар хитоиҳо ва мененҷерҳо бо мошинҳои люкс ва мулоим гарданд, коргар бояд аз мошинҳои дар гузашта боркаши тамғаҳои ЗИЛ, КАМАЗ, УРАЛ, КРАЗ, ДАНГФУНГИ ХИТОӢ ва ғайра истифода барад.

Ман дар мақолае ин масъаларо бардошта будам ва ваъда ҳам шуда буд, ки ба корхона мошинҳои махсуси одамкашонӣ оварда мешавад. Вале ваъда ваъда монд.

Ин мошинҳои ба талабот ҷавоб намедодагӣ ҳам аксар аз Муҳаммадсиддиқ Ҳомидов ба иҷора гирифта шудаанд. Мумкин дар гузашта моли худи корхона бошанд, чунки ў дар аз худ кардани моли дигарон таҷрибаи кофӣ касб кардааст. Ҳатто экскаватори барқӣ, ки моли ҳалоли корхона аст, дар худи ҳамин корхона чун моли шахсии падари ӯ кор фармуда мешавад, ки ӯ ҳатто андоз ва пули барқро ҳам намесупорад. Дар кони Ҷилав ду экскватори дигараш низ ба тариқи иҷоравӣ кор мекунанд. Коргарон, ки солиёни зиёд меҳнат мекунанд, ба ароба дастрасӣ надоранд ,вале кас ҳайрон мемонад, ки ӯ ин қадар маблағро аз куҷо дастрас мекунад.

Агар хароҷотҳои беҳуда кардаи хитоиҳоро ҳисоб кунем, ба миллионҳо доллар мерасад. Се моҳ дар ду мавзеи Ҷилав  бо истифодаи қувваи зиёд замин ҳамвор карданд, вале онҳо ба дарди касе нахӯрд. ЗИФ—2-ро оқибат дар селроҳаи хатарноке сохтанд, ки рӯзе онро сел зер кунаду  камбудиҳо ва маблағҳои ғайри мақсад истифода бурдаи худро рӯйпӯш намоянд. Ҳатто замини ин мавзеъ низ худсарона ва бе сертификат аз худ карда шудааст.

Чандин фабрикаҳои хурди сохтаашон як соат кор нокарда ба боди фано рафт. Ҳатто молики заводи оҳакбарорӣ, ки хитоисту оҳакро ба корхона бо пули нақд мефурӯшад, дар ин коргоҳ саҳме надорад. Ин завод низ пурра аз маблағи корхона сохта шудааст. Дигар ташкилоти маъруфи онҳо «Бригадаи дуюм» мебошад, ки ҳамеша даромадашро аз андоз пинҳон медорад ва ба буҷаи мамлакат хисороти зиёд мерасонад. Дар ҳолате, ки техникаҳои худи корхона ҷои кор надоранд, онҳоро оварда кор фармудан низ сохтакорие беш нест.

Дигар шуъбае, ки ба ҳоли он мурғони ҳаво гиря мекунанд, шӯъбаи посбонӣ мебошад, ки зиёда аз сад нафар коргар дорад. Коргарони ин шуъба  он қадар беҳуқуқанд, ки ҳатто овоз баланд карда наметавонанд. Аз фурсат истифода бурда, оҳиста-оҳиста мавқеи ин шуъбаро танг намуданд. Ҳатто дар кони Ҷилав ва кони Тарор посбонҳоро роҳ надоданд, чунки дуздию корҳои дигари мененҷерҳо фош мешуд. Роҳбарони шуъба низ инро хомӯшона қабул карданд. То ба ин шуъба омадани Маҳмадулло Қарохонов сардори басти шуъба ҳуқуқи зиёдеро соҳиб буд, вале ӯ ин ҳуқуқҳоро кашида гирифт. Ҳатто сардори басти имрӯза ба реҷаи корӣ дастрасӣ надорад.  Бе иҷозати боло ҳад надорад, ки дар ҳолати зарурӣ  посбонеро иваз кунад. Қарохонов дар гирди худ панҷ нафари дигарро ҷамъ овард ва имрӯз онҳо 26 рӯзи ёздаҳсоата ҳақ мегиранд ва маоши онҳо ба маротиб аз посбонону сардорони баст зиёд аст. Шуъбаи «махфӣ»-и корхона бевосита зери назари ҷонишини директор оиди тартибот ва режим буд, вале имрӯз он ҳам соҳиби худро дарёфт. Дар рӯзгоре, ки нафақахӯрони камбағалро аз кор меронанд, бо «через»  милисаҳои собиқро,ки нафақаи хеле калон доранд, ба кор таъмин намудаанд. Шуъбаи посбонӣ соҳиби маоши камтарин дар коргоҳ аст. Аз камии маош коргарон ба кори ёздаҳсоата розӣ шуда буданд ва як шабонарӯз кор мекарданду ду шабонарӯзи дигар ба мардикорӣ мерафтанд ва қути лоямуте ба каф меоварданд. Оператори хонаи тилло Саидов Фарҳод як моҳ 16 шабонарӯз кор мекунад, вале ба  сенздаҳ шабонарӯз ҳақ медиҳанд. Дар ҳолати даъво карданаш ҳуқуқшинос амр мекунад, ки коргарон дигар ба тариқи шабонарӯзӣ кор накунанд ва ҳамон лаҳза ин амр пазируфта мешавад.

Акнун се моҳ боз коргарон аз неъмати мардикорӣ ҳам маҳрум гаштанд.

Аммо дар душвортарин дидбонгоҳ- анбори моддаҳои тарканда чор моҳ боз бо сабаби ба мо номаълум ду нафар посбон, ки бо яроқ меистанд, ба тариқи шабонрӯзӣ кор мекунанд. Сабабаш ин будааст, ки онҳо барои ба ҷои сӣ ё сию як рӯз кориашон ба гирифтани музди бисту шаш рӯзи корӣ розӣ будаанд.Дар ҳоле ки ҳуқуқшинос посбононро аз буридаи нони бо мардикорӣ ба даст меовардагиашон ҷудо кард, духтурон, ки бо ҳаёти одам кор мекунанд, сўзишворидеҳҳо, ошпазҳо, ки бо оташ сарукор доранд, кормандони пойгоҳҳои энергетикӣ,  сӯхторхомӯшкунандаҳо  ва чанд шуъбаи дигар низ  ба усули шабонарӯзӣ кор мекунанд.

Солҳо мегузарад ва ҳар сол корхона тиллои зиёде истеҳсол менамояд, вале посбонон дар хоначаҳо ё вагонҳое умр ба сар мебаранд, ки ҳатто саг дар онҳо зиндагӣ кардан намехоҳад. Аз чанги доимӣ дар дарвозаи асосӣ, дидбонгоҳҳои Ҷилав, дидбонгоҳи Хирсхона ва дидбонгоҳи Тарор кор кардан мушкил аст. Дар ҳоле ки баъзе идоранишинону ошпазҳо бо шир таъмин карда мешаванд, бо ташаббус ва меҳрубонии мененҷери шуъбаи  бехатарӣ Қобил Турсунов аз ин неъмат ҳам посбонони дидбонгоҳҳои номбурда маҳруманд. Ҳатто дили  Қобил ба дасти урёнашон насӯхт ва онҳоро аз дастпӯшак низ маҳрум гардонд. Арзу доди кормандони ин шуъба ба касе намерасад.      Аз ҳама беҳтарин фурсат дар ин коргоҳ он буд, хоҳишманд метавонист, ки ҳангоми рухсатиаш саломатии худро дар ягон осоишгоҳ барқарор намояд , вале ҳолдонҳо мегўянд, ки иттифоқи касаба супориш гирифтааст, ки хоҳишмандро дар чанд сол як маротиба ба осоишгоҳ фиристад.

Корхона ҳеҷ зиёни хешро дар назди аҳолии маҳал ҷуброн намекунад. Ҳатто муассисаи таълимоти миёнаи рақами 25, ки сарпарасташ ин корхона аст, ҳеҷ кумаки ин коргоҳро эҳсос накардааст. Муассисае, ки ҳамаи шогирдонаш фарзандони кормадони  корхонаанд, ниёзманди оинаи тирезаю чизҳои майда-чӯйдаи дигар аст. Мененҷери шӯъбаи энергетикӣ Абдурашид Исрофилов, дар ҳоле, ки ровиён ҳикоят мекунанд, ки аз ҳисоби  корхона дар деҳаи Суҷина соҳиби картошказоре шудааст. Дар сурате ки барои даромадану баромадан корхона як дарвозаи ба тариқи автоматӣ коркунанда насб карда наметавонад  ва  ба ҳоли хобгоҳи умумии кони Тарор мурғони ҳаво мегирянд, хитоиҳо маблағро бебаркаш барои азнавсозии идораи маъмурӣ сарф карданд.

Хитоиҳо ба тоҷикон умуман бовар надоранд. Кор ба ҷое расидааст, ки ду сол боз дар сари ҳар сӯзишворидеҳ як нафар нозир меистад. Ба коргоҳ ҳар гоҳ мошини сабукрави наве ворид  шавад,бояд то корношоям гаштанаш хитоӣ истифода барад.

Ман чун шаҳрванд пурсиданиям, ки соҳиби ин хок, ин замин моем ё хитоиҳо?

Исмоил ЗАРИФӢ,

рӯзноманигор


Поделиться новостью в социальных сетях:

23 комментарий

  • Ин макола маколаи сол дониста шавад! Офарин ба Шумо Зарифи! Да Панчакент бисер масьалахое хаст ки мардуми тахчойи аз дасти он баллосон наздик шуда наметавонанд…..

  • ду маротиба аз хисоби ки ба хач рафти.мачрухи гурухи 3-юм ба тарики шабонарузи кор карда метавонад.ду карори хукуматро ки пешвои миллат ба имзо расонидаанд калбаки хисобидаи.

  • Шоири маддох дар вакташ дар васфи Собиров ва Карахонов шеър гуфта буди. Аз макола буи тамаъ меояд. Боре хам нисбати корхона маколаи танкиди навишта, шарм надошта ба рохбарият гуфта буди, ки барои он навишти, ки маблаг руёнда китобатро чоп намои, ношукр, баъд ба туи маддох корхона 4 хазор сомони маблаг чудо намуд ва ту ба маколаат худат худат чавоб навишти,,,,, ношукри окибати хуб надорад. МАДДОХ!

  • Ҳақиқатро дастгирӣ мебояд на саркубӣ.зеро он рӯзе рӯи об баромада. ҳарифонашро сарозер хоҳад кард.Устод Зарифӣ ҳақ ҳастед.Ҳоло гуфтаниҳо зиёданд.Ба Шумо аз Оллоҳ дар ин ҷода ғайрати дучанд мехоҳем.

  • Зи ҷӯе ки хӯрди аз ӯ оби пок,
    Нашояд фикандан дар ӯ сангу хок.

  • Мӯҳтарам Зарифӣ! Ин мақолаи Шумо хусусияти маҳалгарои ва миллатгароӣ дорад. Барои ин ҷавобгарии ҷинои пешбини шуда аст.

  • ох харифи зарифи ту инкадар дуруггуи гапхот 90% дуруг охир,
    ту барои он инро нависти ки метарси ки тура мисли дигарон нафака мефиристан охир, хакиката навис барои чи онкадар дуруг нависти ту агар инсони нек мебуди дар намакдон туф намекарди охир, бигзор шуъбаи ту хамонкадар ганда бошад охир андеша мекарди,. агар ончо макул набошад бо дигар шуъба гузар, боз чихел ту да хамаи онхое ки инкадар гапхои беасос нависти дар туй чапону токи пушонди шармадаи тууууу

  • Ту шоири дуруяи намаки ин корхонаро хурда ба намакдонаш туф мекуни

  • Устоди мухтарам Зарифи! Суханхои Шумо хак ва бомаврид мебошад. Мутаассифона мардум дарк намекунанд, ки агар хамаи ин камбудихо ислох шавад, ба фоидаи чамъият аст. Э мардум чаро хакикатро дастгири намекунед? Чаро шахсе, ки аз дарди дили халк сухан кардааст, сарзаниш мекунед?

  • Суханхои устод Зарифи хак ва бомаврид аст! Устодро дастгири кунед на сарзаниш!

  • Устоди азиз Зарифи! Агар аз тагобозихои корхона низ харф мезадед нома пурратар мегардид. Тагобози махсусан дар ЗИФ 2 реша давондааст. Мененчер ва чонишинаш танхо барои тагодорхо новобаста аз саводашон вазифа медиханд. Бисёр мутахассисони чавоне хастанд, ки дониши кофи доранду вале аз хисоби бе пушту панох будан ягон вазифаро сохиб шуда наметавонанд. Умед дорам, ки Шумо устоди мехрубон дар оянда ин масъаларо барраси хохед кард…

  • Он ҷоро, ки гургҳо истилоъ кардаанд, гусфанд машав, шер бош! Офарин устод Зарифи… На хама гайрати аз хакикат харф гуфтанро доранд! Хакикатро бояд тарафдори кард!

  • Устод Зарифи! Суханхои Шумо хак ва бомаврид мебошад.

Leave a Reply