Корхонаи «Зарафшон” аз кор монд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Корхонаи «Зарафшон” – бузургтарин корхонаи тавлиди тилои Тоҷикистон аз 1 сентябр ба далели ба охир расидани мӯҳлати иҷозатномааш барои истихроҷи тило аз кор мондааст. 60 дарсади даромади корхонаҳои саноатии Панҷакент аз ҳисоби замин корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон буд.

Корхонаи муштараки «Зарафшон», калонтарин корхонаи тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистон, тайи чанд рӯз аз, ки аз фаъолият мондааст.

Сабаби аз фаъолият мондани корхонаи мазкурро як нафар аз кормандони завод, бино ба охир расидани мӯҳлати муҷаввизи коргоҳ барои истихроҷи тилло арзёбӣ намуд.

Манбаъи «Ахбор» ҳамчунин иттилоъ дод, ки пас аз гуфтушуниди Ҳукумати Тоҷикистон бо директори генералии тиллозавод, фаъолияти он дубора бароҳ монда мешавад.

Корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистону Чин «Зарафшон», калонтарин корхона оиди истихроҷ ва коркарди тилло дар кишвар буда, 75%-и саҳмияи он ба ширкати «Зиҷин»-и Хитой ва 25% ба Тоҷикистон мутааллиқ мебошад.

Коршиносон бар он андеша ҳастанд, ки бояд ҳукумати мамлакат дар гуфтушуниди нав, саҳми Тоҷикистонро дар истихроҷу коркарди тилло бештар кунанд. Зеро, маҳсулоти хом дар мамлакати мо буда, бойигарии кишвар маҳсуб мегарадад ва чиниҳо танҳо ба коркарди он саҳмгузоранд, ки дар ин ҳолат 25% гирифтани даромад хеле ночиз аст.

Кормандони собиқ ва онҳое, ки аз аввал то ба имрӯз дар ин завод фаъолият доранд, мегӯянд ки солҳои аввали фаъолияти ин корхона, ки муштарак бо англисҳо фаъолият дошт, саҳми он 49 бар 51, байни Тоҷикистону Британияи кабир тақсим шуда буд. Пас аз ба дасти чиниҳо расидани КМ«Зарафшон«, қариб нисфи саҳмияи собиқи он аз даст рафт ва саҳми Тоҷикистон ҳамагӣ 25 дарсадбоқӣ монд.

Дар корхонаи «Зарафшон» зиёда аз 2000 нафар кормандон фаъолият доранд ва ин корхона зиёда аз60%-и даромади умумии корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакентро ташкил медиҳад.

Бознашр аз Ахбор


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply