Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

ВМКБ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Сардори Раёсати мазкур Абдулваҳоб Искандарзода иштирокдорони конфронсро бо ин ҷашни таърихӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки солҳои аввал барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо солҳои вазнину пур аз моҷароҳо буданд ва кам касон ба ояндаи босуботи кишвар хушбин буданд. Аксарияти мардумро яъсу ноумедӣ ва кишварро ҳар лаҳза хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Ягона шахсе, ки ба хираду заковат ва фарҳанги қадимаи халқи тоҷик боварӣ дошту тарафҳои даргирро ба тадриҷ аз паси худ ба сӯи сулҳу оромӣ мебурд, ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Инро ҳатто собиқ мухолифини мусаллаҳи давлат низ эътироф намуданд. Ба хотири овардани сулҳу субот ба Тоҷикистон Сарвари давлат чандин бор ба кишвари Афғонистон, ки дар обу оташ месӯхт, ба назди ҳамватанонаш рафт. Онҳоро ташвиқ мекард, ки ба ватани аҷдодиашон бозгарданд ва онро якҷоя бунёд намоянд. Сардори Раёсати мазкур гуфт, ки ҳадафи гирди ҳам омадани мо таҳлилу баррасии ин марҳилаи зиндагии мардуми тоҷик ва ба насли ҷавон шарҳ додани он аст.
Устоди ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Элбон Ҳоҷибеков низ аз он даврони фоҷиабори миллат ёд оварда, баён дошт, ки агар дар ин марҳилаи тақдирсоз тарафҳои даргир дасти оштӣ ба ҳам дароз намекарданд,мавҷудияти миллате бо номи тоҷик зери суол мерафт. Агар вуҷуд ҳам медошт, ба як миллати аз донишу савод ва фарҳанг маҳрум табдил меёфт, зеро дар ин солҳо тамоми муассисаҳои таълимӣ аз кӯдакистон то донишгоҳҳои олӣ баставу фалаҷ гардиданд. Кори бузург ва таърихие, ки Пешвои миллат дар оғози давраи истиқлолият анҷом дод, ин дуввумбора барқарор кардани ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумию олӣ ва минбаъд зиёд кардани шумораи ин гуна таълимгоҳҳо буд.
Дар конфронси илмию назариявӣ ҳамчунин дигар олимону кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ оид ба паҳлӯҳои ин марҳилаи ҳаёти мардуми тоҷик ибрози назар намуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply