«Комбайн” сари Қурбоналиро аз тан ҷудо кард

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Як ҷавони 21-сола ҳангоми майда кардани гандум дар деҳаи Ҷиндараи ноҳияи Ҳисор ба таври мудҳиш ҷон бохтааст. Сари Қурбоналӣ зери гандуммайдакунаки худсохт монда, аз танаш ҷудо шудааст.

5 рӯз пеш ҳангоми майда кардани гандум дар деҳаи Лолагии ноҳияи Ҳисор фалокати даҳшатноке рух додааст.

Қурбоналии 21-сола, писари Файзӣ ном сокини деҳаи ҳамсояи Ҷиндара, ки ба хонаводаи холааш дар майда кардани гандуми даравидаашон кумак мекард, сару рӯи худро барои ҳимоят аз чангу ғубори гандум бо рӯймол печонда буд.

Вале вақте охирин дарзаҳои гандумро ба гандуммайдакунак ё ба истилоҳи маъруф, «комбайн” меандохтанд, нӯги рӯймоли Қурбоналӣ ба арраи ин дастгоҳи худсохт печида, ӯро ба тарафи худ кашидааст. Дар натиҷа «комбайн” сари Қурбоналиро аз танаш ҷудо кардааст.

Қурбоналӣ, ба гуфтаи наздиконаш, дар соли сеюми донишгоҳ таҳсил мекард.

Аксари сокинони манотиқи деҳоти Тоҷикистон гандуми худро бо «комбайн” майда мекунанд. Ин дастгоҳ маъмулан бо истифода аз бушкаҳои 200-литра сохта мешавад, вале истифодааш аз нигоҳи бехатарии фаннӣ зиёд амн нест.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply