Комроншоҳ-укомон медали нуқра гирифтиян, ура –ааааа!

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

«Любое себе уважающее государство» ба варзишгаре, ки Парчами давлатро мебардорад, ба варзишагаре, ки метавонад обрӯи варзиши кишвар бошад,  ба ҷойи он ки ӯро «пожизненно  дисквалификатсия кунанд», баръакс пожизненно рӯйи даст мебардорад, пожизненно эҳтирому дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, агар он варзишгар ҷавони хунгарми 24 сола бошаду ояндааш ҳанӯз дар пеш, укоҳояш, акаҳояш, братанҳояш сарҷамъ шуда, бояд дастгиру мададгораш бошанд. Ҳамин тавр не-мӣ??? Еще как ҳамин хелин!!!

— Оё  мо ҳуқуқи маънавӣ дорем, нафареро, ки дар бузургтарин сабқатҳо ширкат карда, ғолиб мешавад, ба шарофати ӯ Суруди миллии мо танинандоз мешаваду Парчами мо боло дисквалификатсия кунем? Он ҳам барои як иштибоҳ… Иштибоҳе, ки аз беэътиноӣ ва ноҳақӣ нисбати ӯ сар задааст?

«Акнун фаҳмидӣ, хонанда, ки гӯштии мо ба ислоҳоти кулл, реформаи бебозгашт ниёз дорад? Беодобӣ, доварии ғайримунсифона, тағобозӣ, ҳаромбозӣ, ноҷавонмардӣ, гапгузаронӣ, пуштигирии ноҷавонмардона дар гӯштигирӣ…» воқеан ҷой дорад. Ва паёмадаш «Аблаҳе аз бом ғалтад, гардани мо бишканад» шуду Комроншоҳро аз варзиш ду сол дур карданд…

Мана Комроншоҳи полвон дар мусобиқаи байналмилалии «Grand-Prix Antalya 2017», ки дар он паҳлавонон аз 34 кишвари ҷаҳон бо ҳузури 252 нафар варзишгар иштирок карданд, мақоми 2-юмро соҳиб шуда, бо медали нуқра ба Ватан баргашт.

Аммо аз қаҳрамонии Комроншоҳ, ки дастоварди варзиши кишвар аст аз сомони Кумитаи ҷавонон, варзиш ав сайёҳӣ ки ӯро аз варзиши кишвар барканор карданд, хабар надоданд. Шояд ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст? Касоне мунтазири чунин «беадабии» Комроншоҳ буданд? Зеро нағз мидоним, ки урмонамонанда ба ҷойи паланг қуянчаҳои  мӯл хоб! Валлоҳ зарба ба варзишгари ҷавон шикасти ӯст, ноинсонфист!

«Аморально и аполитично», – ба гуфти буродарони рус.

Аммо Комроншоҳ нашикаст, жесте ки ӯ дар мусобиқаи байналмилалии Туркия нишон дод, бисёриҳоро аз ботину зоҳир ларзонд, баъзеҳоро пакар кард.

Ӯ тавассути ғалаба бадхоҳонашро, ки ба ӯ  «бо ҳаракати баду беандешонаву дағалу нораво» муносибат карда буданд, «1 бор зад…

Ва чӣ гуна? Ва оё 1 бор-мӣ???»

Ин ғалабаи Комроншоҳ  «беҳтарин намакпосдорӣ дар нисбат ба миллати Тоҷик аст, ки аз буҷаи ҳукумати марказӣ барои машқу тамринаш ҳудуди ним миллион сомонӣ (487 ҳазору 573 сомонӣ)» ҷудо шуда буд. Яъне маблағҳо барҳадар нарафтанд, Ӯ ҷисману рӯҳан шикаст нахӯрд. «Раҳмати калон, уко…”

Мо Метавонем-акаҷон!!!! Еще как митоним братэло!

P.S. Ҷумлаву ибораҳое ки дар нохунак аст, ба Сайёфи Мизроб тааллуқ доранд…

Одили Нозир

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

11 комментарий

  • Салом ба мардуми Тоҷикистон, салом ба газетаи Тоҷикистон, салом ба миллати Тоҷик! гуфтаги барин ҳамон рӯзе, ки Комроншоҳ ҷои 2-юмро гирифт баъди макоми 2-юмро касб кардан «Какие та иностранный сайт написал что Какая та ҷавонписар из какой та стран Центральный Азия по имени Точикистон получил серебро. Браво!!!! Конечно ма ифтихор кардам. сайти Кумитаи чавоноро кушодам ки шояд ягон маълумоте меёбам оныо чизе нест. щол он, ки бояд ин миллат Ифтихор аз ин чавон мекард ва менавишт. Ман фикр мекунам, ки баъди ун коре ки намояндагони кумитаи чавонон карданд. Шухрати Комроншох бомаротиб болотар шуд. Имруз миллати тоыик эътироф мекунад, ки Комроншохи Устопиириён кахрамони гуштии миллии аст.

  • Ғалаба муборак! Комроншоҳ ифтихори варзиши тоҷик ва тоҷику Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад! Дар сатҳи байналмиллаӣ, рейтинги ӯ аз тамоми варзишгарони дигари кишварамон дар соҳаҳои мухталифи куштӣ болотар аст. Так что «Аморально и аполитично» (бино ба гуфтаи сАЙЁФИ мИЗРОБ) агар ӯро дастгирӣ накунем. Муваффақ бошӣ, Комроншоҳ!

  • Чавоби хирадмандонаеро интизор доштам, ки одили Одил навишт…Зихи чавонмарди хирад!
    Пас, Сайёф метавонад?

  • Додхохи Додгустар,
    Агар Комроншох парчами кишварро баланд бардошта бошад, худатон барин хамсабакатонатон Шуморо барои галатнависию беэътиной нисбати забони давлатй бояд, аккалан барои сарфароз намудан ба ягон «Ифтихорнома» пешниход намоянд.

  • Яъне ки агар мақола бо лаҳҷаи кӯлобӣ навишта шуда бошад, ғалат нест. Аммо агар ба лаҳҷаи шимолӣ навишта шуда бошад, ғалат аст. Кӣ гуфтааст? Аслашба гирем, забони тоҷикии мо фақат дар китобҳо боқӣ мондаасту халос. Боқӣ дар ҳамаҷо лаҳҷа ҳукмрон аст, бисёртар кӯлобӣ. Аксарияти сарояндагони давлатӣ бо лаҳҷаи кӯлобӣ месароянд, ҳатто дар назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо лаҳҷаи кӯлобӣ суруд месароянд. Куҷо ҳурмати президент?

  • Тоҷики муқими амрико ташаккур, навиштаи «»забони тоҷикии мо фақат дар китобҳо боқӣ мондаасту халос»» таҳлили беҳтарин аст.

  • Одилҷон офарин. Мақолаи Сайёф аз руйи эҳсос навишта шуда буд. Ҷавоби хуб додед.

  • Сайёф мақолаи навиштаашро ҳоло аз сомонаи рӯзномааш бардошааст.

  • Оре галаба чист ва галабагар кист?Ин калимахоро ононе мефахманд ки,хиссе нисбати Ватани хеш доранд.Комроншох аз кабили галабагарест,ки маглубнашуданист.Комроншох мо бо шумоем вокеан шумо касби худро бенихоят дуст медоред ва арзандаед.Агар шуморо аз варзиш 2сол рафта бошед хам аз гузашта хам пуркувват чун як «Шери Жаён» боз ба майдон мебиёд ки хасудону беаадабон чун як мурги курк худро канор мегиранд.Вокеан маколест :хурсандам ки ман хам душман доштаам-ро аз хотир .мо бовар дорем ки сипари шудани 2сол боз як марди далер пахлавон тахамтан дар майдонхои чахон номи Точикистон парчами Ватанашро парафшон мекунад.Мо бо шумоем Комроншох пахлавони точик !

  • Одил Нозир бародари гиромиам ту рузноманигори аввал адаби навиштанро ёд бигир,баъдан ба мардум кор бигир. тамоман пур аз лахча магар хамин аст рузноманигори… Хайф бар ту!!!

Leave a Reply