Комроншоҳи Устопириён дар Тошканд медали тилло гирифт

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи 8 октбяр дар мусобиқаи Гран-Прии гуштии дзюдо дар шаҳри Тошканд дар вазни то 90 кило се гуштигири узбекро шикаст дода, медали тилоро ба даст овард.

Комроншоҳи Устопириён якбора аз даври чорякниҳоӣ вориди ин мусобиқа шуда, дар қувваозмоии нахустинаш бар Достони Мелиев ва дар даври ниманиҳоӣ бар Яҳё Имомов (ҳарду аз Узбекистон) ғолиб омад ва ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар рақобати ниҳоӣ Комроншоҳ боз бо як паҳлавон аз Узбекистон – Дилшод Чориев – рӯбарӯ шуд. Қувваозмоии онҳо 15 дақиқа давом кард ва дар ниҳоят довар пирӯзиро ба Комроншоҳ дод.

Комроншоҳ шоҳҷоиза, медали тило ва 3 ҳазор доллар ҷоизаи пулии Гран-Прии Тошкандро ба даст овард.

Саидҷалол Саидов, ки се рӯз пеш дар Ҷоми президенти Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат бар Комроншоҳи Устопириён ғолиб омада буд, дар Гран-Прии Тошканд дар вазни то 90 кило дар даври ниманиҳоӣ аз Рамазон Дарвеши мисрӣ шикаст хӯрд.

6 гуштигири дигари тоҷик дар Гран-Прии Тошканд алакай дар қувваозмоиҳои аввал шикаст хӯрда, ягон медал ба даст наоварданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply