Комиссия: Барқарор кардани роҳи  “кафидаи”  Панҷакент –Айнӣ  алҳол ғайриимкон аст

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд,ки санҷиш нишон дод, ки қариб 60 метри шоҳроҳи Айнӣ -Панҷакент бар асари нам гирифтан ва гузаштани мошинҳои гаронвазн ва заминҷумбӣ фурӯ рафтааст. 

«Тоҷикистон» ва сомонаи tajikistantimes.tj дар ин бора навишта буданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 20 апрел дар бораи натиҷаи санҷиши комиссияи корие, ки барои таҳқиқи сабабҳои фурӯравии як қисмати шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент таъсис ёфтааст, хабар дод. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии вазорат, ин комиссия рӯзи 18 апрел аз километри 33+700-и ин шоҳроҳ, ки рӯзи 17 апрел тақрибан 60 метраш вайрон шуда, сабаби манъи ҳаракати нақлиёт шуд, боздид кардааст.

Дафтари матбуоти вазорати нақлиёт мегӯяд, ки ин қисмати роҳ аз домани теппа мегузарад ва фурӯравиаш то ҳол идома дорад: «Сабаби асосии фурӯравии теппаро коршиносони ПИТ ЛК ва Вазорати нақлиёт аз ҳад зиёд нам гирифтани қабати хокии теппа меҳисобанд, ки муҳлати баамалоии тӯлонӣ дорад. Сабабҳои дигараш дар натиҷаи гузаштани мошинҳои гаронвазн ва заминҷубӣ ба ҷунбиш даромадани роҳ ва аз тарафи обпартои чап шуста шудани қабати болоии он маънидод мекунанд. Фурӯравии теппа ва вайроншавии роҳ ҳоло ҳам фаъол аст.

Вазорат мегӯяд, ҳангоми сохтани роҳ низ ин минтақа аз минтақаҳои хатарнок баҳогузорӣ шуда буд, «аммо азбаски ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ душвор нагардад, ҳангоми таҷдиди он қабати болоии роҳ мумфарш гардида буд.”

Бино ба ин манбаъ, мӯҳлати кафолати ин роҳ ҳанӯз ба анҷом нарасидааст ва аз ин рӯ Маркази татбиқи лоиҳаҳои роҳҳои мошингарди Тоҷикистон «қитъаи фурӯрафтаи роҳро роҳро барои гузариши муваққатии ҳаракати нақлиёт омода кардаанд. Аммо корҳои барқарорсозии пурраи ин роҳ то қатъ нагаштани фуруравии теппа ғайри имкон аст.”

Комиссияи кории вазорат барои рафъи оқибатҳои вазъи дар ин қисмати роҳи Айнӣ – Панҷакент пешомада ин тадбирҳои фавриро пешниҳод кардаанд:

» — айни ҳол қисми болоии теппаи фурураванда аз ҷинсҳои овезон тоза карда шаванд;

— татдқиқоти муҳандисӣ ва арзёбии вазъи имрӯзаи мазкур гузаронда шавад;

— роҳи муваққатӣ – таворавӣ барои гузариши воситаҳои нақлиёт таъмин карда шавад.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply