Кенҷаев бо фармоиши генерал Назаров кушта шуд?

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 8-уми август аз василаи шабакаҳои давлатии телевизион иттилоъ дод, ки омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ баъди 18 сол ошкор шуданд.
Тибқи гузориши ВКД,  Кенҷаев моҳи марти соли 1999 дар Душанбе бо дастури Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудааст. Ба иттилои манбаъ Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳар қотили Кенҷаев 2 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардааст.
Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, раҳбари ҳизби сотсиалистҳо 18 сол сол пеш, 30 марти соли 1999, ҳангоме ки раёсати Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари парлумони Тоҷикистонро ба зимма дошт, дар як хона дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе кушта шуда буд. Тибқи иттилои қаблан нашршуда дар террори Кенҷаев инчунин ду муҳофиз ва ронандаи ӯ низ ба қатл расонда шуданд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply