Келин кӯдакро кушту мӯйсафедро ба марг маҳкум кард

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бобои Раҷаб моҳидори номдор буд. Ӯро хурду калони деҳа бо лақаби «Раҷаби моҳӣ» мешинохтанд. Вай танҳо Зоҳир ном як писар дошту халос. Ҳамсараш дигар фарзанддор нагашта бошад ҳам, Раҷаб ӯро талоқ надод, чунки девонавор дӯсташ медошт.

Зиндагии ширине доштанд зану шавҳар. Ҳар субҳ Раҷаб ба лаби дарё рафта, моҳӣ меқапиду ҳамсараш моҳиҳоро пухта ба бозор бурда мефурӯхт. Рӯзашонро бо моҳифурӯшӣ гузаронида, парвои оламу одам надоштанд, ин ҷуфти зебо, вале…

Келин не, албастӣ!

Бо гузашти солҳо онҳо тӯи хоксоронае барпо карда, писари ягонаашонро бо ҳазорон орзуву умед хонадор карданд. Баъди омадани келин зиндагии онҳо ранги дигар гирифт. Акнун аз ҳавлии хомӯши онҳо ҳамеша овози ҷангу ҷанҷол мебаромад. Арӯсаки шаттоҳ ҳар рӯз бо ягон баҳона бо шавҳараш моҷаро мекард. Зоҳирро ҷонаш ба лабаш расида, чанд маротиба хост ҷавоби занашро диҳад, вале  бобои Раҷаб “зиндагӣ бозича нест, ки ҳар рӯз зан гирӣ. Писарам, келин ҳоло ҷавон аст, ӯро тарбия кардан лозим” гӯён, монеъ мешуд. Мӯйсафед мехост бо панду насиҳат оилаи фарзандашро аз вайронӣ нигоҳ дорад, бехабар аз он ки ин некиаш дар ҳаққи келини носипос оқибат балои ҷонаш хоҳад гашт.

Бозёфти нодир

Рӯзе бобои Раҷаб барои моҳидорӣ ба як деҳаи дурдаст рафт. Нав ба соҳили дарё расида буд, ки ба гӯшаш садои гиряи тифле расид. Мӯйсафед тозон ҷониби овоз шитофт. Дуртар аз соҳил дар рӯйи рег тифлаки тахминан яксолае дасту по зада гиря мекард. Бобои Раҷаб духтарчаро аз замин бардошта, сару рӯяшро аз хоку рег тоза кард ва ба бағалаш пахш карда ба хона овард. Вақте ки падар тифли хурдакак дар даст вориди ҳавлӣ гашт, ҳама ҳайрон монданд.

-Ин саҳар дар шастатон ба ҷои моҳӣ духтарча афтид чӣ, дада?- ҳазл кард Зоҳир. Бобои Раҷаб воқеаро нақл карду дили кампир ба ҳоли кӯдак сӯхта, зуд сару рӯи духтарчаро шуст ва шир дода, ӯро хобонд. «Худоё, кадом ношукр ин тифлаки бегуноҳро дар лаби дарё партофта, рафта бошад-а?»- худ ба худ меандешид мӯйсафед.

Онҳо рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳо мунтазир шуданд, вале касе ба суроғи духтарча наомад. Пиру кампир духтарчаи худододашонро Нозанин ном ниҳода, ӯро аз гавҳараки чашмонашон бештар эҳтиёт мекарданд, аммо…

Рашки келин

Мӯйсафед Нозанинро чунон дӯст медошт, ки ягон луқмаро бе ӯ фурӯ намебурд. Зани Зоҳир низ дар ин миён духтарчадор шуда буд, вале азбаски келин онҳоро иззату ҳурмат намекард, мӯйсафед духтари ӯро чандон нағз намедид. Кӯдаки аз кӯча ёфтаро аз набераи худашон азизтар донистани пиру кампир боиси рашки келин гашт. Манзура чашми хусуру хушдоманашро хато карда, Нозанинро мезаду дашном медод.

Дидори вопасин

Як субҳ пиру кампир ба меҳмонӣ рафтанду Нозанинро бо янгааш гузоштанд. Ҳанӯз ҳам мӯйсафед хавотир буд, ки касе ба суроғи Нозанинаш омада, ӯро мебарад. Вай чунон бо ин тифлаки фатиламӯй одат карда буд, ки дигар Нозанинро ба касе додан намехост. Пеш аз сафар бобои  Раҷаб таъкид кард, ки дарвозаро кушода намонанд. Нозанини хурдакак аз лаби домони мӯйсафед дошта гиря мекард, ки ӯро ҳам бо худ баранд. Бобои Раҷаб бехабар аз он ки имрӯзҳо ин тифли хурдакак аз дасти янгаи золимаш чӣ қадар азият мекашад: «Ҷони бобо, он ҷо ҷои ту нест, охир, мо ба мурдахона барои дуою фотиҳа меравем» гӯён, сари Нозанинро сила карда, ҳамроҳи кампираш аз хона баромад.

Нозанин аз паси бобои Раҷабу занаш гирён ба кӯча баромада, дар назди дарвоза нишаст. Янгааш чанд маротиба номи ӯро гирифта, ҷеғ зад, аммо Нозанин гӯё садои ӯро нашунида бошад, аҳамият намедод.

Манзураи шаттоҳу золим рафтори духтарчаро нописандӣ пиндошта, мисли албастӣ бо қаҳру ғазаб аз хона баромаду аз мӯи ҷингилаи духтарча бераҳмона дошта, ӯро телакунон ба хона даровард. Нозанин ҳамоно саркашӣ карда ба хона даромадан намехост. Манзураи ҷоҳил чунон бо ғазаб духтарчаро тела дод, ки кӯдак аз зинапоя афтида, ба поён ғелид ва аз ҳуш рафт. Келинчак аз тарс дарақ – дарақ ларзида, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳарчанд ба рӯйи Нозанин об мепошиду ба сару рӯяш мезад, кӯдак намеҷунбид. Манзура набзи духтарчаро санҷиданӣ шуда, дасти хурдакаки ӯро ба даст гирифт ва якбора дар ҷояш шах шуда монд-дили кӯдак кайҳо аз кор монда буд. Келинчаки айёр ӯро рӯйи даст бардошта, ба хона дароварду болои рахти хоб хобонду аз дар баромад ва гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад, аз пайи кору бори хона шуд.

Ғам болои ғам

Дере нагузашта садои мӯйсафед баланд шуд: «Нозанин, ҳой Нозанин, зуд ин ҷо биё, ман барои ту лӯхтакча овардам”. Манзура аз ошхона набаромада садо кард: «Нозанин хоб аст”.

Мӯйсафед мехост ҳарчи зудтар Нозанинро аз хоб бедор карда, ӯро хурсанд кунад. Ин дам духтарчаи хурдсоли Зоҳир аз лаби ҷелаки бобояш кашида пичиррос зад:

-Очам Нозанина тела дод, Нозанин аз боло ғалтид…

Пиру кампир зуд ба хона даромаданд, то аз ҳоли Нозанин хабар бигиранд. Келин бо рангу рӯи парида аз ошхона намебаромад.

Лаҳзае пас садои доду фарёди мӯйсафед баланд шуд. Бобои Раҷаб ҷисми беҷони Нозанинро болои дастонаш бардошта, ба берун баромад. Сару рӯи духтарак каб-кабуд шуда буд. «Ту чӣ кор кардӣ, ношуд?!»-мегуфт мӯйсафед бо чашмони пур аз об ва намедонист сарашро ба куҷо занад. Ҳанӯз ҷисми беҷони Нозанинро ба хок насупурда, ба хонаи онҳо милисаҳо омаданд. “Мӯйсафед, шуморо барои ҷинояти кӯдакдуздиатон дастгир мекунем. Бо мо ба шуъба меравед. Аз рӯи шумо шикоят омадааст”,-фаҳмонд сардорашон. Бобои Раҷаб оҳи сарде кашида гуфт:

-Ман ӯро аз лаби соҳил ёфтам, се сол интизор шудам, вале касе ба суроғаш наомад…

-Чаро сари маҳал хабар надодед, охир падару модари ин кӯдак се сол боз дар ҷустуҷӯи фарзандашон буданд.

Мӯйсафед намедонист ба онҳо чӣ ҷавоб диҳад. Нафас дар гулӯяш печида буд.

Ниҳоят вай худро ба даст гирифта гуфт:

-Хуб шудааст, агар ман гунаҳгор бошам, фардо субҳ дасти духтарчаро гирифта, худам ба шуъбаи шумо меравам. Кормандони милиса розӣ шуда, баромада рафтанд.

Мӯйсафед он рӯз Нозанини аз ҷон азизтарашро ба хок супурда, роҳи аз ин бало раҳоӣ ёфтанро меҷуст. Пардаи торикӣ кайҳо ба сари шаҳр чодари сиёҳ кашида буд, вале бобои Раҷаб ҳамоно бедор буд. Соатҳои тақрибан 2-и шаб, вақте ки ҳама дар хоби ноз буданд, ин мӯйсафеди 70-сола ба дарду ғам тоб наоварда, худро ба дор овехт ва рӯзи дигар дар қабати  духтарчаи нозанини худододаш ба хоби абадӣ рафт…

Сурайё Рабиева


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply