Кай  партовгоҳҳои радиатсионӣ пурра безарар мегарданд?

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Иттиҳодияи Аврупо барои безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионӣ дар шимоли Тоҷикистон 7 миллион евро ҷудо кардааст. Дар ин бора Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд рӯзи 11 уми июл дар нишасти хабарӣ  (ҳисоботи шашмоҳа) низ гуфта буд, ки ин маблағ дар чорчӯби барномаи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии минтақаи шимоли Тоҷикистон бо мусоидати МАГАТЭ, Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ таҳрезӣ ва барррасӣ шуда истодааст. Кор бобати безаррагардонӣ дар партовгоҳҳои радиатсионии қисмати шимолии кишвар, аз ҷумла минтақаи Деҳмой ва шаҳри Истиқлол (пештара Табошар)   ва Бӯстон кор аз нимаи дуввуми соли 2017  шурӯъ ва бо ин маблағ партовгоҳҳои радиатсионии  мазкур  оғоз шудааст.

                       Раиси вилоти Суғд-Абдураҳмон Қодирӣ

                   Кори безараргардонии радиатсияҳо кай оғоз шуд?

Дар ҷавоб ба саволи журналистон оид ба партовгоҳҳои радиатсионӣ раиси вилоят  гуфта буд: -Дар чаҳорчӯби ин барнома   Барномаи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии минтақаи шимоли Тоҷикистон бо мусоидати МАГАТЭ, Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ Тоҷикистон бо сармояву имкониятҳои фаннии худ корро аз тирамоҳи соли 2015 шурӯъ карда буд ва қисмате аз партовгоҳи радиатсионии Деҳмой, воқеъ дар канори Хуҷанд, бо беш аз ним метр хок  то имрӯз пурра рӯйпӯш гардонида шудааст ва ҳоло қимати дигари партовгоҳҳои радиатсионӣ  дар минтақаи Суғд идома дорад.

Бино ба маълумоти расмӣ, партовгоҳи радиатсионии Деҳмой аз бузургтарин партовгоҳҳои боз дар Осиёи Марказӣ буда, дар он ҳудуди 36 миллион тонна партови дорои маводи радиоактив дар масоҳати беш аз 80 гектар хобидааст.

                               Деҳмой

              Фулузоти нодир аз партовгоҳи маводи радиоактив

Аз партовгоҳи маводи радиоактив дар  шаҳри Истиқлол аз нимаи дуюм то охирҳои солҳои 90-и асри гузашта корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” (“Востокредмет”-и собиқ), ки ба тавлиди урани хом ихтисос дошт, пасмондаҳои маводи дорои радиоактиви худро дар поёни теппаи Рухак мерехт. Қаблан дар маҳали партовгоҳ кӯли рангае ба вуҷуд омада буд, ки он партовҳои хатарнок ба ҷони одамон, набототу ҳайвонот ва муҳити зистро ниҳон медошт. Ба гуфтаи мутахассисон, баъди қатъи фаъолияти корхонаи мазкур дар тахминан 20 соли пеш ин кӯли сунъӣ хушкида,  шамолу боришот чангу хоки дорои маводи радиоктивро ба муҳити атроф паҳн мекарданд.

 

                              Истиқлол (собиқ Табошар)

Қаюмҷон Маҳмудов, муовини аввали раиси шаҳри Бӯстон, ки қаблон раҳбарии корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро бар дӯш дошт, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бо маблағи ироакардаи Иттиҳодияи Аврупо мутахассисони хориҷӣ, ки аз тариқи тендер интихоб шудаанд ва ба таҳияи тарҳи безараргардонии партовгоҳҳо машғуланд. Барномаи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии минтақаи шимоли Тоҷикистон бо мусоидати МАГАТЭ, Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ бо назардошти меъёрҳои  ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаааст.

Инчунин безараргардонии партовгоҳи воқеъ дар канори шаҳри Истиқлолро Иттиҳоди Аврупо тавассути ширкатҳое аз Олмон ва Бритониё ба ӯҳда гирифтаст. Тибқи барнома, таҳияи санади асосноксозии фанниву иқтисодӣ, арзёбии таъсири партовгоҳҳо ба муҳити зист ва безарарсозии ин ду партовгоҳ тирамоҳи соли гузашта оғоз шуда, ҳудуди 2 сол идома хоҳад кард, ки аз натиҷаи он дар шумораҳои баъдӣ маълумот хоҳем дод.

                                                                                                                      Фарзона Муродӣ 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply