Кампири 131-сола сарояндагӣ мекунад

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Алимиҳа Сейти, ки зани пиртарини сайёра маҳсуб меёбад, 131-солагии худро қайд кардааст. Хадамоти иттилооти Хитой хабар медиҳад, ки Алимиҳа Сейти (Alimiha Seiti) 25 июни соли 1886 ба дунё омада, аллакай соҳиби 56 насл гаштааст.

Алимиҳа дар қисмати ғарбии кишвари Хитой умр ба сар мебарад. Ин кампираки хушбахт зиёфату меҳмондориро дӯст медорад ва аксаран ҳангоми болида будани табъаш суруд мехонад. Ҷамъияти геронтологии кишвари Хитой соли 2013 Алимиҳаро шахси пиртарини кишвар эълон намудааст, вале намояндагони китоби рекордҳои Гиннес (Guinness World Records) зани дигар- Жанна Калманро зани пиртарин мешуморанд. Ин бонуи франсуз соли 1875 таваллуд шуда, 122 сол ва 164 рӯз умр дидааст.

Бозёфти Нодира


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply