КамАЗ сари 11-сар гӯсфандро хӯрд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Субҳи 6 ноябр дар роҳи Данғара як мошин 18 сар чорвои як рамаро дар роҳ ба чарогоҳи зимистона пахш кардааст.

Дар натиҷа 11 гӯсфанд ҷон бохта, 7 сар чорвои дигар аз пой мондаанд. Моҳи октябр дар чунин як садама дар Восеъ 52 сар ва моҳи сентябр дар Данғара 20 сар гӯсфанд зери чархи мошин ҷон бохта буданд.

Дар бораи ин садамаи ғайриоддӣ Muhammad Soleh дар гурӯҳи » Мо тоҷикистонием” дар шабакаи Фейсбук хабар дод.
 Muhammad Soleh навишт:

6/11/2017
Субҳи саҳар дар роҳи Данғара ронанда 18 чорворо зада гузашт, тақрибан 11 тои онҳо ҳалок шудан ва мондагияш аз ҷой хеста натавонистанд!

Ин бори аввал нест, ки рамаҳо дар Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи чарогоҳ дар роҳҳои мошингард зери чархи мошин мемонанд.

Шаби 11 ба 12 октябр дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ дар натиҷаи зери чархи мошини КамАЗ мондани як рама, 52 сар гӯсфанд ҷон доданд.

Аз он пеш дар поёни моҳи сентябр дар рустои Хуррамзамини ноҳияи Данғара як мошини сабукрав рамаи гӯсфандонро зер кард. Дар он ҳодиса ҳудуди 20 гӯсфанд нобуд шуд.

Ҳамин тавр, шаби 9 май ронандаи як мошини боркаши тамғаи «Howo” дар роҳи Ёвон -Ваҳдат ба рамаи гӯсфандон бархӯрда, 148 сар гӯсфандро зер кард. 54 сар гӯсфанд зери чархи мошин ҳалок шуда, 94 сар гӯсфанди дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки шаби 9 май, «тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова», марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Ваҳдат, дар километри 27-уми ҳудуди деҳаи Бустони ҳамин шаҳр, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, рамаи гӯсфандонро, ки ба марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад, пахш намудааст.

Аксҳо аз садамаи субҳи 6 ноябр дар Данғара аз Муҳаммад Солеҳ:


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply