Кабудизоркунӣ оммавӣ шавад!

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Шаҳрдори Душанбе масъулини корхона ва ташкилоту муассисаҳои пойтахро муаззаф кардааст, дар гирду атрофи мавзеи худ дарахту бутта ва гулҳои мавсимию бисёрсол шинонанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳр мегӯяд, Рустами Эмомалӣ ин қарорро имрӯз, 31 август имзо карда ва он ба тамоми корхонаву муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравияшон дахл дорад. Ба иттилои манбаъ, бар асоси ин қарор шинонидани дарахту бутта ва гулҳо дар тирамоҳи соли 2017 ва баҳори 2018 пешбинӣ шуда, он бояд бо риояи талаботи агротехникӣ ва бо тавсияи мутахассисони соҳа ба роҳ монда шаванд.

Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳрдориро муваззаф кардааст, ҷиҳати иҷрои ин қарор чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply