Кӯҳнаварди рус дар кӯҳҳои Помир ҷон дод

ВМКБ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Александр Абаев, куҳнаварди рус аз шаҳри Иркутск, 3-юми август дар ҳолати вазнин аз куҳҳои Помир тариқи чархбол ба беморхонаи шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст. 

Роман Абаев, бародари Александр дар суҳбат бо расонаҳои Иркутск изҳор доштааст, ки ҳангоми баромадан ба куҳҳои Помир вазъи Александр якбора бад шудааст: “Наҷотдиҳандагон ӯро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд. Духтурон таркиши раги мағзи сарро муайян намуданд. Баъди ҷарроҳӣ низ вазъи Александр беҳтар нашуд”.

Ба гуфтаи наздикони Александр малакаи табибони тоҷикистонӣ барои табобати минбаъдаи бемор кофӣ нест ва онҳо барои фиристодани нейроҷарроҳони рус ба Тоҷикистон дархости кӯмак кардаанд. Наздикон барои табобат дархости кӯмак карда, изҳор доштаанд, афроде, ки хоҳишу имкони ёрӣ доранд, метавонанд бо рақамҳои 8-902-764-49-24 дар тамос шаванд.

Мақомоти тандурустии Иркутск барои кӯмак ба Александр изҳори омодагӣ карда, изҳор доштаанд, ки феълан масъаларо баррасӣ доранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply