Кӯмаки «Тоҷик Эйр» ба кӯдакони дорои бемориҳои анкологӣ ва қалб

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Душанбе, 6 январи соли 2017 – Ширкати миллии ҳавопаймои Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» фаъолияти иҷтимоиашро дар Соли нав аз иқдоми «Накӯӣ ҳадя намо!» барои ёрӣ ба кӯдакони то сини 12-солаи мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб оғоз кардааст.

«Тибқи анъанаи накӯ дар Соли нав одамон ба якдигар тӯҳфаҳо ҳадя карда, хабари хуш мерасонанд ва бо ҳамин восита табъи дӯстонашонро хуш мегардонанд. Тӯҳфаи беҳтарин барои ҳар кас солимӣ аст. Минбаъд аз ҳар чиптаи ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» 2 сомонӣ гирифта, ба суратҳисоби Фонди хайриявии ширкат мегузаронанд. Маблағи дар натиҷаи иқдоми мазкур ғуншуда барои кӯмак ба кӯдакони 12 – солае харҷ мегардад, ки мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб мебошанд. Мо ба оилаҳое кӯмак мерасонем, ки ба мо барои харидани доруворӣ муроҷиат мекунанд. Қаблан ба ҳамаи мусофирони «Тоҷик Эйр», ки дар ин кори хайр саҳм мегузаронанд, ташаккур мегӯем», — гуфт котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр», Азиз Хайруллоев.

«Тоҷик Эйр» мавқеи устувори иҷтимоӣ дошта, ба хонаҳои кӯдакон ва ташкилотҳои муҳтоҷ кӯмакҳои башардӯстона мерасонад. Дастгирии одамон яке аз самтҳои фаъолияти иҷтимоии ширкат аст. Зеро солимӣ, табъи болида ва саводнокии кӯдакон кафолати ояндаи нек аст.

Маълумотнома: Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаолияташро бо мақсади  интиқоли мусофирон, бору боғоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоҳо ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим  ва иттилои ошкор иборат аст.  Фарохии  масоҳати парвоз, таъмини амният, эҳтимодият ва ҳузуру ҳаловат вазифаҳои асосии Ширкати «Тоҷик Эйр» мебошад. Имрӯз дар  ҶСК «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500 мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд. Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҶМЧ (Урумчӣ),  Эрон (Теҳрон), Қазақистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва Федаратсия Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳамчунин парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои  дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Хоруғ  ва вилояти Суғд ба  Хуҷанд низ ба роҳ мондааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply