Кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон расид

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Дар арафаи Иди саиди Қурбон Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1230 тонна маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, қиёми шир, шакар  ҳамчун ёрии башардӯстона  расонд. 

Маблағи умумии кӯмак зиёда аз 1 миллион доллар буда, ҳаҷми умуми маҳсулот 21 вагонро ташкил медиҳад. Маҳсулоти  ғизоиро  имрӯз масъулини  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Тоҷикистон қабул карданд. Дар расми қабули маҳсулот, ки дар  анборхонаи    Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Тоҷикистон  доир гашт, Нурлан Сейтимов, Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард. Номбурда  дар назди намояндагони ВАО  иброз дошт, ки ҷониби Қазоқистон ҳамасола чунин кӯмакҳои  башардӯстонаро ба бародарони дӯсту бародари Тоҷикистон  равона мекунад.

Дар назар аст, ки ёрии навбатии башардӯстонаи Қазоқистон ба оилаҳои камбизоат, ятимхонаҳо, оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон тақсим гардад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply